Мулоқоту суҳбатҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо сокинон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба анҷом расиданд

Март 30, 2024 13:39

ДУШАНБЕ, 30.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоту суҳбатҳои вакилони Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳиҳои ҷумҳурӣ бо  сокинони мамлакат, ки аз 27 то 30 марти соли 2024 идома ёфтанд, ба анҷом расиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Хатлону Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо интихобкунандагонашон доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши самараноки «Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин», масъалаҳои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри тарбияи дурусти насли ҷавон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандони мамлакат, дар ин замина риояи ҳатмии талаботи қонунҳои амалкунанда ва роҳнамоии сокинон дар самти пешгирии хурофотпарастиву бегонапарастӣ суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд.

Дар доираи чунин чорабиниҳо дар толори мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода бо сокинони маҳаллаҳои Мевағул, Тиллокон ва Темурмалик баргузор гардид.

Вакилон таъкид намуданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мулоқот бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ намуда, аз аҳли ҷомеаи мамлакат риояи қатъии муқаррароти ин қонунҳоро талаб намуданд.

Мутаассифона, ҳодисаҳои вайрон намудани қонун дар бобати гузаронидани маъракаҳо ба чашм мерасанд. Ҳоло ҳам баъзе одамон дар баргузор кардани маъракаҳо ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд. Изҳор гардид, ки зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риоя накардани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана ва расму оинҳои мардумию динӣ, аз ҷумла садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад. Бо ёдоварӣ аз фармудаҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ бори дигар таъкид гардид, ки исрофкоронро Худованд дӯст намедорад.

Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби сокинони маҳаллаҳои Мевағул, Тиллокон ва Темурмалик ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода суолу дархост ва пешниҳодоти судманд пешниҳод шуданд.

Ҳамзамон дар маҷлисгоҳи Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд,

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вохӯрии вакилон бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ, омӯзгорон, фаъолон ва имомхатибон баргузор гардид.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғиёсиддин Шарифзода бо таваҷҷуҳ ба таъкидҳое, ки Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли ҷомеа ва ходимони дини мамлакат иброз дошта буданд, гуфт, ки «ҳикмати парҳезгориву рӯзадорӣ танҳо бо тарки хӯрдану ошомидан намудан маҳдуд намегардад, балки ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқодии муҳим баҳри анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб мешавад».

Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, инчунин вобаста ба амалӣ намудани Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 28 феврали соли 2024 дар бораи тақвият бахшидани корҳои идеологӣ ва маърифатӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо сокинони маҳаллаи «Заҳматобод» – и ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрӣ доир гардид.

Вакили Маҷлиси намояндагон Парвина Маликзод бобати дар тафаккури мардум тарбия намудани фаҳмиши дурусти сиёсӣ, фаъол гардонидани мардум дар самти анҷом додани корҳои амалии созандагию бунёдкорӣ, таблиғу ташвиқи моҳияти ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот ва эҳсоси масъулият доштан дар раванди ҳимояи Ватан ва бо ҳамин роҳ саҳм гузоштан дар раванди давлатдори изҳори андеша намуд.

Дар робита ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шамсиддинзода ва Муҷиба  Ҷавҳарӣ дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфара бо фаъолони деҳа вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни он вакилони мардумӣ оид ба муҳтавои Паёми Сарвари давлат, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифтротгаро ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, номзадшавии бармаҳал, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони хонанишин, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист, ҷараёни иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан гуфтанд.

Дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Ашт ва Ёвон низ вобаста ба нуктаҳои меҳварии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини мамлакат ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз вохӯрии вакилони мардумӣ бо сокинон доир шуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 30, 2024 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш баргузор гардид
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд