НАҚШИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд

Март 30, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 30.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор-2018-2028» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши дипломатияи об дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар академия.

Дар кори конференсия намояндагон аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, коршиносони дохиливу хориҷӣ, мутахассисони масоили байналмилалӣ ба таври ҳузуриву маҷозӣ иштирок намуданд.

Ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатӣ Карамалишо Карамалишоев иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз мамлакатҳои ташаббускори ҳалли мушкилоти байналмилалии марбут ба оби ошомиданӣ дар амалӣ намудани ҳадафҳояш асосан аз дипломатия кор мегирад, ки он то имрӯз дар арсаи байналмилалӣ камназир аст. Асоси дипломатияи пешгирифтаи Тоҷикистонро муносибати муштараки тамоми мамлакатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ дар ҳалли мушкилоти марбут ба об ташкил менамояд. Тоҷикистон ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон доштааст, ки дар замони муосир, ки дар баробари хатарҳои геополитикиву сиёсӣ ба амнияту осоиштагии аҳолии ҷаҳон инчунин мушкилоти табиӣ низ хатар ворид менамоянд, танҳо дар сурати истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда, пешгирии тағйирёбии шадиди иқлим ва таъмини тозагии захираҳои обӣ метавон дар ин самт ба натиҷаҳои дилхоҳ шарафёб гардид.

Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин таъкид дошт, ки тағйирёбии босуръати иқлим ва афзоиши аҳолии сайёра дар назди инсоният масъалаҳои нав мегузоранд, ки ҳалли оқилонаи онҳо боиси паст шудани шиддати таъсири тағйирёбии иқлим ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ мегардад. Об ҳамчун сарвати табиӣ дорои хусусияти хосса буда, бо ин хусусият аз дигар сарватҳои табиӣ ба куллӣ тафовут дошта, аҳамияти баланди сиёсӣ дорад. Яке аз хусусиияти об дар он зоҳир мегардад, ки доим дар ҳаракат ва гардиш буда, дар фазо ва ҳудуди муайян маҳдуд намегардад. Ин хусусият боиси ба вуҷуд омадани дарёҳои фаромарзӣ гардидааст, ки давлатҳо ва минтақаҳоро ба ҳам мепайванданд ва муносибатҳои байнидавлатию минтақавӣ ва байналмилалиро дар соҳаи об ба вуҷуд овардаанд.

Дар кори конференсия ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессорон аз Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатӣ ва намояндагони Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ, Донишгоҳи давлатии сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Шанхай ва Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ сухан намуданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 30, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд