Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 28.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Женеваи Швейтсария чорабинии сатҳи баланди авиатсионӣ -«Ҷаҳони фазои ҳавоӣ-2024 – Airspace World 2024» баргузор гардид, ки дар он 7000 мутахассиси барҷастаи соҳа аз 140 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Дар чорабинии «Airspace World 2024» директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода иштирок карда, «Тоҷикаэронавигатсия»-ро ҳамчун корхонаи таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ медиҳад.
Тибқи хабари манбаъ, «Airspace World 2024» чорабинии муҳим дар самти идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ва кайҳон дар ҷаҳон буда, ба таъминкунандагони хизматрасонии аэронавигатсионӣ (ANSPs), мутахассисони идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (ATM), ихтироъкорони соҳа, истеҳсолкунандагони технологияҳои соҳавии муосир бо мақсади омӯзиш, ҳамкорӣ, мубодила ва тиҷорат дар намоишгоҳ ва конфронсҳои гуногун имкони мусоид фароҳам овард.
«Airspace World 2024» аз ҷониби Ташкилоти хизматрасонии аэронавигатсионии гражданӣ (CANSO) баргузор гардида, ба ташаккули дурнамои фазои оянда равона гардид.
Ҳадафи иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ табодули таҷриба, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии аэронавигатсионӣ, амалӣ намудани ҳамкории судманд бо шарикон, дарёфти шарикони нав дар дастрас ва ҷорӣ намудани технология ва низоми нави инноватсионӣ дар пешниҳоди хизматрасонии аэронавигатсионӣ, мутобиқ намудани сатҳу сифати фаъолияти корхона ба талаботи байналмилалии соҳа мебошад.
Дар доираи «Airspace World 2024» Лоиқ Бегиҷонзода бо намояндагони ширкатҳои бонуфузи аэронавигатсионии байналмилалӣ, аз ҷумла директори генералии CANSO Саймон Хокард, директори минтақавии Аврупоии CANSO ва Директори генералии «Эра» мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ, ҳаракати ҳавоӣ, таъмини бехатарии парвозҳо, истифодаи технологияҳои замонавӣ ва инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониро баррасӣ намуданд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»










Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд






