Натиҷаҳои марҳилаи аввали лоиҳаи «Ташхиси сохтори бозори пул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуд

Март 11, 2024 14:52

ДУШАНБЕ, 11.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои марҳилаи аввали лоиҳаи «Ташхиси сохтори бозори пул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зимни мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо роҳбари Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Вифел дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот таъкид шуд, ки муайян намудани заминаҳо ва омилҳои рушди бозори байнибонкии пул, инчунин бозори коғазҳои қиматнок дар пешбурди сиёсати пулию қарзии мамлакат ва таъмини устувории бахши молиявӣ нақши муҳим мебозад.

Маҳз бо пайгирии ин нуктаҳо байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд созишномаи ҳамкорӣ дар бораи омӯзиш ва ташхиси сохтори бозори пул ба имзо расидааст. Тибқи барномаи пешбинишуда, барои идома додани лоиҳаи ташхиси бозори пул дар солҳои наздик бо ташкили гурӯҳи корӣ қадамҳои минбаъда ба нақша гирифта шудаанд, ки ба баҳодиҳӣ ва муайянсозии монеаҳо, инчунин бозори байнибонкии пул таъсири мусбат мерасонанд.

Бозори пул яке аз бахшҳои калидии низоми молиявӣ буда, ҷиҳати таъмини инфрасохтори муосири пешниҳоди қарзҳои кӯтоҳмуҳлат ва ҷойгиркунии маблағҳо байни ташкилоти қарзӣ ба рушду устувории иқтисоди мамлакат, инчунин тақсими самараноки захираҳои бонкӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт мусоидат менамояд. Ҳамчунин рушди бозори пул барои беҳбудию самарабахшии натиҷаҳои фаъолият ва вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар низоми молиявии мамлакат заминаҳои мусоид фароҳам оварда, ба раванди гузариш ба реҷаи муосири сиёсати пулию қарзӣ — ҳадафгирии таваррум суръати нав мебахшад.

Таъкид шуд, ки низоми молиявии кишварҳои пешрафта, ки дорои бозори пули рушдёфта мебошад, ба якчанд натиҷаҳо, аз ҷумла рушди бозори қарзии байнибонкӣ ва афзоиши амалиёти байнибонкӣ, танзим ва идораи пардохтпазирии ташкилоти қарзӣ, дастрасии саривақтии ташкилоти қарзӣ ба пардохтпазирии кӯтоҳмуҳлат ҳангоми норасоии маблағ, воридшавии сармояи бештар ба низоми бонкӣ, бахусус аз сармоягузорони хориҷӣ, самаранокии воситаю механизмҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ рабт дорад.

Дар мулоқот ҷонибҳо корҳои анҷомдодаро дар марҳилаи якуми ин лоиҳа баррасӣ намуда, муҳимияти онро барои тақвияти минбаъдаи бозори пул (Money Market) дар Тоҷикистон таъкид намуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Март 11, 2024 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид