«НАВРӮЗ — МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Табиати зебои Тоҷикистон дили меҳмонони хориҷиро тасхир намуд
ДУШАНБЕ, 23.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайкалтароши машҳури олмонӣ Бераҳна Массоум ва дигар меҳмонони хориҷӣ саёҳат ба мавзеъҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.
Ҳайкалтароши машҳури олмонӣ бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон барои иштирок дар Фестивали байналмилалӣ даъват шудааст. Мавсуф ҳангоми тамошо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо адабиёт, таърихи давлатдорӣ ва фарҳанги қадимаи миллати тоҷик аз наздик шинос шуда, ин сафарашро ба Тоҷикистон хубу фаромӯшношуданӣ номид.
Мавсуф иброз дошт, ки ба тоҷикон, ки дорои таъриху фарҳанги бостонӣ мебошанду миллати хирадпешаанд, таваҷҷуҳи хосса дошта, аз дастоварду муваффақиятҳои онҳо дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол хушҳол аст.
Ҳамзамон дигар намояндаи хориҷӣ бо номи Кристиан Гросс (Christian Grosse), ки меҳмони ин фестивал буд ба тамошои ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон рафта, мафтуни ин зебогиҳо гардида, таассуроти рангинашро дар аксҳои бардоштааш инъикос кардааст. Номбурда изҳор намуд, ки ҳавои тоза, обҳои мусаффо ва мардуми меҳмоннавози Тоҷикистон, муҳаббати ӯро ба ин сарзамини ҳамешасабз боз ҳам афзун намудааст.
Ёдовар мешавем, ки 20 март дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид.
Фестивал соли шашум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида шуда, мақсади он муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон мебошад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
















Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба мавзеъҳои таърихии вилояти Хатлон бештар гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» интихоб гардид
Дар комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад






