ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Арабистони Саудӣ ҷамъомади тамринӣ мегузаронад

Март 16, 2024 16:33

ДУШАНБЕ, 16.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 таҳти роҳбарии сармураббии нав Милош Костич дар Арабистони Саудӣ тамринҳоро оғоз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ҷамъомади тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Абҳа то 26 март идома меёбад. Ба ин ҷамъомад 26 бозингар даъват шудааст. Дастаи ҷавонони мо дар Арабистони Саудӣ чанд бозии санҷишӣ низ анҷом медиҳад.

Мавриди  тазаккур аст, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 21 то 29 сентябри соли 2024 баргузор мешавад. Рақибони дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар даври интихобӣ дертар маълум хоҳад шуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 16, 2024 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд