Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии «ҷаҳони бе партов» иштирок намуд

Март 28, 2024 08:32

ДУШАНБЕ, 28.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинии канорӣ, ки ба муносибати таҷлили Рӯзи байналмилалии «ҷаҳони бе партов» доир шуд, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Намояндаи доимии Тоҷикистон аҳаммияти ҳамкории муштарак, бахусус иҷрои уҳдадориҳои дастҷамъонаро, ки ба раванди татбиқи Рӯзномаи Ҳадафҳои рушди устувори соли 2030, Созишномаи Париж ва дигар абзори марбутаи глобалӣ равона гардидаанд, таъкид намуд.

Ҷонибек Ҳикмат оид ба дастовардҳо ва нақшаҳои Ҳукумат ва мақомоти марбутаи Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои хурду бузурги коркарди партовҳо, коҳиш додани партовҳои пластикӣ, заминҳои танназулёфта, инчунин мушкилиҳои мавҷудаи мамлакат  дар ин самтҳо маълумот дод.

Дар фарҷоми суханронӣ Ҷонибек Ҳикмат бори дигар омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар таъмини ҷомеаи устувор, тобовар ва фарогир изҳор намуд.

Чорабинӣ аз ҷониби Намояндагии доимии Туркия, Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (UNEP) ва Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба минтақаҳои аҳолинишин (UN-Habitat) ташкил шуд.

АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Март 28, 2024 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд