Ширкати «Париматч Тоҷикистон» сарпарасти кулли Лигаи якум-2024 гардид

Март 29, 2024 15:48

ДУШАНБЕ, 29.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз маросими баимзорасонии созишномаи ҳамкорӣ байни Лигаи футболи Тоҷикистон ва ширкати “Париматч Тоҷикистон” баргузор гардид.  Дар асоси созишнома ширкати “Париматч” шарики расмии Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли  2024 гардида, сарпарасти кулли мусобиқаи Лигаи якум шуд.  Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» дар ширкати «Париматч Тоҷикистон» иттилоъ доданд.

Акнун номи расмии мусобиқа барои соли 2024 Париматч – Лигаи якуми Тоҷикистон-2024 гардид.

Созишномаи ҳамкорӣ аз ҷониби директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ва директори иҷроиявии «Париматч Тоҷикистон» Юлия Лесик ба имзо расид.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки бо талошҳои якҷоя метавон футболи бошгоҳиро дар мамлакат тақвият бахшид.

Бояд хотиррасон шуд, ки ширкати «Париматч Тоҷикистон» қаблан ҳам бо Лигаи футболи Тоҷикистон ҳамкорӣ дошт. Соли 2022 ширкат сарпарасти кулли мусобиқаҳои Ҷоми Тоҷикистон ва Суперҷоми Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

АКС: Ширкати «Париматч Тоҷикистон»

Март 29, 2024 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд