Сокинони шаҳри Леваканд соҳиби сертификати касбомӯзии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 188 сокини шаҳри Леваканди вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он соҳиби сертификати касбомӯзии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар доданд, 188 нафар давоми моҳи декабри соли 2023 ва январи соли 2024 ба машғулияти омӯзишӣ дар доираи ҳамкорӣ байни Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» бо мақсади соҳибкасб намудани занону ҷавонон ва дар оянда дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» бо ҷойи кори доимӣ ва маоши арзанда таъмин намудани онҳо ҷалб гардиданд.
Ба иштирокчиён аз рӯйи ихтисосҳои аппаратчии истеҳсолоти химиявӣ, лаборанти таҳлили химиявӣ, мошинисти таҷҳизоти насосию компрессорӣ, челонгар оид ба таъмири таҷҳизот, харрот, кафшергари барқию газӣ, челонгарӣ, тунукасоз, изоляторчӣ ва монтёри барқчӣ машғулият гузаронида шуд.
Дар маҷмуъ, давоми солҳои 2022-2024 350 нафар ба машғулияти омӯзишӣ фаро гирифта шуданд, ки 60 фоизашонро ҷавонону духтарон ташкил медиҳанд.
Инчунин бо мақсади пайванди илм ва истеҳсолот, татбиқи таҳсилоти дуалӣ ва гузаронидани дарсҳои озмоишӣ – амалӣ дар истеҳсолот дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» филиали кафедраи технологияи равандҳои истеҳсолии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






