ТАҲҚИҚИ ХОК. Баъзе аз кишоварзон бе назардошти маълумоти ташхиси корҳои агрокимёвии хок ва шароити иқлимӣ-иқтисодии минтақа фаъолияти истеҳсолиашонро оғоз менамоянд

Март 21, 2024 17:41

ДУШАНБЕ, 21.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо фарорасии фасли баҳор имрӯзҳо кишоварзон ба кишти зироат оғоз намудаанд. Рушди кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобаста аст. Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриву суҳбатҳо бо аҳли ҷомеа оқилона ва самаранок истифода бурдани заминро пайваста таъкид менамоянд.

Вобаста ба истифодаи дурусти замин ва ҳосили хуб гирифтан аз он директори Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Бобозода дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки «имрӯзҳо дар соҳаи кишоварзӣ бештар ба масъалаи кам гирифтани ҳосил ва паст будани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Ба ақидаи мо ба паст гардидани ҳосилнокӣ бештар омили субъективӣ таъсири мустақим мерасонад. Зеро, имрӯз кишоварзони мо, бе назардошти маълумоти ташхиси корҳои агрокимёвии хок,  меъёри истифодаи нуриҳо,  гузаронидани таҳқиқоти калонмиқёси хок ва шароити иқлимӣ-иқтисодии минтақа фаъолияти истеҳсолиашонро оғоз менамоянд. Ҳол он ки дар ҷумҳурӣ якчанд ниҳод ба корҳои таҳқиқи хок машғул ҳастанд, аз ҷумла Институти давлатии лоиҳакашии «Тоҷикзаминсоз» амал менамояд».

Хуршед Бобозода гуфт, ки «аз соли 1965 то инҷониб дар ҷумҳурӣ ду давраи пурраи корҳои таҳқиқи хок гузаронида шуда, ҳоло даври сеюми он идома дорад.

Илму амал нишон медиҳад, ки санҷиши хок ҷузъи муҳими истеҳсолоти кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, имкон медиҳад, ки таркиб, хосиятҳои физикӣ ва кимёвии он, инчунин мавҷудияти моддаҳои ғизоӣ, аз қабили нитроген, фосфор, калий ва дигар элементҳо муайян карда шаванд.

Гарави зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дуруст ва самарабахш истифода бурдани маълумоте мебошад, ки дар натиҷаи санҷиши хок ба даст оварда шудаанд. Пас аз таҳлил камбудиҳои моддаҳои ғизоии хок ошкор шуда, барои пурра кардани онҳо, масалан, бо роҳи андохтани нуриҳои маъданӣ ва ё интихоб кардани зироати оптималӣ тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд».

Озмоиши таркиби хок инчунин барои муайян намудани туршии хок, шӯрнокӣ ва сохтори хок кумак мекунад, то барои беҳтар намудани шароит баҳри рушди растаниҳо тадбирҳо андешида шаванд. Чунин тадбирҳо беҳтар кардани заҳкашӣ, мелиоративӣ, парвариш ва усулҳои дигареро, ки шароити беҳтари системаи решаи растаниҳоро фароҳам меоранд, дар бар мегирад.

Хуршед Бобозода  тазаккур дод, ки таҳқиқоти гузаронида дар ноҳияҳо нишон медиҳад, ки ҳолати идоракунии хок ва истифодаи оқилонаи он солҳои охир рӯ ба таназзул ниҳодааст. Аз сабаби сари вақт тоза накардани заҳбуру заҳкашҳо шӯршавии дубораи хок ба амал омадааст. Хоҷагидорон усулҳои киштгардонро пурра истифода намебаранд, нуриҳои минералиро ба хок бе ташхиси хок истифода мебаранд, ки ин боиси паст гардидани ҳосилнокии зироат ва афзун шудани арзиши аслии маҳсулот мегардад.

«Таҳқиқи калонмиқёси агрохимиявии хоки гузаронидаи мо дар ноҳияи Лахш солҳои 2022-2023 имкон дод, ки заминҳои обии он дар майдони 7178 гектар мавриди таҳлил қарор дода шавад. Бояд гуфт, ки дар ноҳия зиёда аз 40 сол ин ҷониб  заминҳои обӣ  мавриди таҳқиқи хок қарор дода нашудааст. Бинобар ин, гузаронидани таҳқиқот барои хоҷагидорони ин ноҳияи баландкӯҳ, ки асосан ба картошкапарварӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ машғуланд, хеле ба маврид мебошад.


Дар натиҷаи таҳлил маълум гашт, ки  дар аксарияти таркиби хоки заминҳои корами обии ноҳия миқдори фосфори ҳаракаткунанда ва калийи ивазшаванда аз меъёр кам мебошад, ки ин ба нашъунамо ва ҳосилнокии картошка таъсири манфӣ расонида, муқовимати растаниро ба касалӣ ва тобовариро ба хушксолӣ суст мегардонад ва ҳамаи ин сабабҳо боиси кам гардидани ҳосилнокии зироат мегардад.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи таҳқиқшаванда 70 фисади майдони умумии зироати кишоварзиро майдони кишти картошка ташкил медиҳад ва ин зироат ба нуриҳои фосфорӣ ва калийгӣ эхтиёҷи калон дорад. Аз ин ташхиси гузаронида мо баръало гуфта метавонем, ки яке аз сабабҳои солҳои охир коҳиш ёфтани ҳосилнокии картошка ин нарасидани нуриҳои фосфорӣ ва калийгӣ мебошад. Фосфор барои растаниҳо хеле муҳим арзёбӣ гардида, он қисми зиёди пайвастагиҳои органикӣ буда, дар мубодилаи энергетикии ҳуҷайраҳо иштирок мекунад. Аммо, шаклҳои фосфори ҳаракаткунанда дар аксарияти хокҳо норасоӣ доранд, ки ин ба паст шудани фаъолияти ферментҳо оварда мерасонад, ки мубодилаи ҳуҷайраҳо ва моддаҳои дар синтези РНК, сафедаҳо ва тақсимоти ҳуҷайраҳо назоратшавандаро назорат мекунад. Бо нарасидани фосфор нашъунамои растанӣ суст гардида, ба паст шудани ҳосил оварда мерасонад. Аз ин рӯ, муайян ва таъмин намудани таркиби шаклҳои фосфори ҳаракаткунанда дар хок хеле муҳим аст»,-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Калий унсури муҳимтарини ғизои растанӣ буда, он як қисми ситоплазмаи ҳуҷайра мебошад, асосан хосиятҳои ҳуҷайраи растаниро муайян мекунад, аз ин рӯ тақрибан ба ҳамаи равандҳои ҳуҷайра таъсир мерасонад. Калий дар азхудкунӣ ва интиқоли об, кушода ва бастани пояи сахти зироату дарахтҳо иштирок мекунад. Инчунин дар вақти нарасидани калий сохтори митохондрия ва хлоропластҳо халалдор мешавад, ки ин дар навбати худ ба фотосинтез ва нафаскашӣ таъсири бад мерасонад. Аз ин рӯ, миқдори кофии калий дар хок муқовимати растаниро ба ҳарорати паст ва баланд, муқовимати растаниро ба бемориҳо афзоиш медиҳад, инчунин сабзиши камолоти растаниро коҳиш медиҳад. Растаниҳо танҳо ба шаклҳои калийи ивазшаванда дастрасӣ доранд, бинобар ин мо онҳоро муайян мекунем.

Вобаста ба ин, имрӯз кишоварзони моро зарур аст, ки фаъолияти истеҳсолии худро бо назардошти ташхиси калонмиқёси хок ва агрокимёвии хок ба роҳ монда, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзиро таъмин намоянд. Мутаассифона, таҳлилҳо собит менамоянд, ки бештари кишоварзони мо, дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ бе ташхис тарзи истифода ва андохтани нуриҳоро нодуруст ба роҳ мемонанд ва аз рӯйи меъёр додани нуриҳоро риоя наменамоянд».

Ҳангоми додани нуриҳои минералӣ ба заминҳои кишоварзӣ ба ҳолатҳои зерин диққат додан зарур аст:

— дар ҳолати додани нуриҳои азотӣ пеш аз ҳама бояд ба таркиби хок (гумуснокӣ), имконияти хоҷагиҳо оид ба додани нуриҳои органикӣ (пору) ва мавҷудияти зироати лубиёгӣ диққат додан зарур аст. Зеро, агар дар вақти шудгор ва кишти зироат поруи органикӣ дода шуда бошад, он гоҳ меъёри нуриҳои минералӣ кам карда мешавад.

— додани нуриҳои минералӣ ба хок аз намуду зернамуди  хок вобастагӣ дорад.  Дар заминҳои обии Тоҷикистон асосан намуди хокҳои хокистарранг, ҷигарранг бисёртар мавҷуд мебошанд.

Дар он ҳолате, ки баъди ташхиси агрокимёвии хок дар хоҷагӣ миқдори лозимии нуриҳои фосфорӣ ва калийгӣ мавҷуд набошад, пас тарзи зерини нуриандозӣ пешниҳод мешавад:

— таъминнокии нуриҳо аз ҳад паст бошад, он гоҳ меъёр ба 1/3 дараҷа зиёд карда мешавад.

— таъминнокии паст бошад, меъёр 2/3 пурра дода мешавад.

— таъминнокии миёна бошад, меъёр дода мешавад.

— таъминнокии баланд бошад, меъёрҳо кам-кам дар қаторҳо, чуқурчаҳо дода мешавад.

Дар вақти додани нуриҳои фосфорӣ бояд таркиби механикии  хок ва туршию шӯрнокии он ба инобат гирифта шавад. Агар таркиби механикии хок гилхоки сабук, қум ва қумнок бошад, он гоҳ меъёри миёнаи таъминнокӣ ба 20-25  фоиз зиёд карда  мешавад ва баръакс дар ҳолати гилхоки вазнин ё гил будан меъёр кам карда мешавад.

Хуршед Бобозода таъкид дошт, ки «масъалаҳои таъмини истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ, истифода ва ҳифзи хок муҳим буда, ҳам ба сатҳи амнияти экологӣ ва ҳам ба сатҳи амнияти озуқавории мамлакат бевосита таъсир мерасонад. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки дар хоки сифаташ аз 30 балл паст бояд зироати кишоварзии аввалиндараҷа кишт карда нашавад ва ин намуди замин ба дигар таъйиноти истифода гузаронида шавад. Мутаассифона,  имрӯз мо бе гузаронидани таҳқиқоти калонмиқёси хок ва агрокимёвии хок фаъолияти кишоварзиамонро оғоз намуда, дар заминҳои сифаташ паст зироатро кишт намуда, интизори ҳосилнокии баланд мегардем.

Ҳамин тариқ, таҳқиқоти хок воситаи муҳими танзими  истеҳсолоти кишоварзӣ маҳсуб мешавад. Татбиқи тавсияҳое, ки аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқот ба миён меоянд, ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулотро баланд бардошта, таъсири манфиро ба муҳити зист коҳиш менамояд. Дар ин замина, он ба рушди устувори кишоварзӣ ва афзоиши амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд.

Вобаста ба ин, бо мақсади ҳифзи заминҳои кишоварзӣ истифодабарандагони қитъаҳои замин вазифадоранд»:

— истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқро тарзе ба роҳ монанд, ки такрористеҳсолии ҳосилхезии заминҳои кишоварзиро таъмин намуда, таъсири манфии чунин фаъолиятро ба муҳити зист истисно ё маҳдуд созанд.

— стандартҳо, меъёрҳо, низомномаҳо, қоидаҳо, аз ҷумла қоидаҳои гузаронидани тадбирҳои агротехникӣ, агрокимёвӣ, мелиоративӣ, фитосанитарӣ ва зидди эрозияро риоя намоянд.

— бо тартиби мукарраргардида ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба истифодаи агрокимёвӣ ва пестисидҳо маълумот пешниҳод намоянд.

— ба гузаронидани таҳқиқоти хок, агрокимиёвӣ, фитосанитарӣ ва экологӣ-токсикологии заминҳои кишоварзӣ мусоидат намоянд.

— ба мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар бораи воқеияти таназзули заминҳои кишоварзӣ ва ифлосшавии хоки китъаҳои замини дар ихтиёр ё истифодаашон буда ва ғайра хабар диҳанд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/ Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз»

Март 21, 2024 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд