ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ТАЪСИРИ ОН. Вобаста ба он дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд

Март 13, 2024 11:18

ДУШАНБЕ, 13.03.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (21 март) таҳти унвони «Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба рушди иқтисодию иҷтимоии давлатҳо» конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Дар кори конференсия коршиносон, олимону муҳаққиқон, мутахассисони соҳавӣ, кормандони муассисаҳои илмию таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода иброз дошт, ки масъалаи тағйирёбии иқлим имрӯзҳо ба мушкилоти ҷаҳонӣ табдил ёфта, таваҷҷуҳи аҳли башарро ҷалб намудааст. Баъзе аз сабабҳои тағйирёбии иқлим – тӯфону обхезиҳо, сел, тармафароӣ, баландшавии ҳарорати ҳаво, обшавии пиряхҳо, зилзила ва дигар ҳодисаҳои табиат ҷаҳонро ба ташвиш овардаанд. Аз ин хотир, дар ҳошияи тадбирҳои судманди роҳбарони сатҳи олии мамлакатҳо барои пешгирии ин омилҳо тасмим гирифтем, ки баҳри дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба истифодаи оқилонаи об, ҳифзи пиряхҳо ва танзими тағйирёбии иқлим бо олимону коршиносон ва мутахассисони соҳавӣ майдони муколама ва мубодилаи афкор ташкил намоем.

Дар ҷаласаи пленарӣ мудири кафедраи истифодаи табиат ва ҳифзи муҳити зисти Институти хизмати давлатӣ ва идоракунии Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Валентин Краснощеков, муовини раиси Шурои омӯзиши қувваҳои истеҳсолии Вазорати рушди иқтисодии Федератсияи Русия, роҳбари шуъбаи муаммоҳои истифодаи табиат ва экология, академики Академияи экологии Русия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Москва Анатолий Шевчук, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Номвар Қурбонов, мудири кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Далерҷон Ҳоҷибоев ва дигарон маъруза намуданд.

Гуфта шуд, ки тағйирёбии иқлим мушкилоти асосии тамоми кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва барои паст намудани шиддати он якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии дохилӣ ва байналмилалӣ, инчунин консепсияву барномаҳои дорои эътибори ҷаҳонӣ ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз мамлакат, ба монанди Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037, Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 мавриди амал қарор гирифтанд.

Инчунин санадҳои байналмилалии Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ва Созишномаи Париж таҳия гардиданд, ки ба кам намудани партовҳо, мутобиқшавӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим ва маблағгузории чораҳои зарурии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим баҳри коҳиш додани ин хатарҳо нигаронида шудаанд.

Дар конференсия масоили глобалии об ва ҳифзи пиряхҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳадафҳои устувор оид ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи об, обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим, ибтикороти Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо давлатҳои ҷаҳон оид ба ҳифзи пиряхҳо, ҳифзи муҳити зист, таъсири омилҳои экологӣ ба захираҳои обӣ, рушди сиёсати кишварҳои ҷаҳон оид ба ҳифзи пирях, об ва танзими тағйирёбии иқлим, масъалаи танзими об ҳамчун ҷузъи амнияти экологӣ, оқибатҳои иқтисодии тағйирёбии иқлим, заминаи коҳиш додани таъсири манфии тағйирёбии иқлим, комёбиҳои илм дар соҳаи об барои таъмини амнияти озуқаворӣ, усулҳои безараркунонии оби нӯшокӣ ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Март 13, 2024 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст