ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 март, шанбе, 69-умин рӯзи соли 2024 аст

Март 9, 2024 08:00

9 марти соли 2010 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

***

9 марти соли 2012 дар варзишгоҳи «Дашрат» -и Катманду бозии якуми марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъватии Конфедератсияи Футболи Осиё байни дастаҳои миллии Ҳиндустон ва Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Соли 2017 дар шаҳри Марини Швейтсария байни Бонки миллии Тоҷикистон ва ширкати «Металор» шартномаи ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

*** 

9 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд. 

***

9 марти соли 2021 дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон комплекси агросаноатӣ ба фаъолият оғоз намуд.

***

9 марти соли 2022  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср бо Осорхонаи миллии тамаддуни Миср шинос шуданд. 

*** 

9 марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Америка, Туркия, Қатар, Молдова, Ирландия, Португалия, Кипр, Чили, Уганда ва Зеландияи Нав эътимоднома қабул намуданд. 

9 МАРТ:

Дар Белиз – Рӯзи қаҳрамонони миллӣ ва эҳсонгар.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Нориниссо Бобоҷонова-  соли 1931 — арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

***

Зубайдулло Шарифзода- соли 1951 — нависанда.

***

Марҳабо Юсуфова- соли 1940 — наттоқи радио, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Март 9, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш