Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об иштирок намуд

Март 23, 2024 09:43

ДУШАНБЕ, 23.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 март дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж бо ибтикори ЮНЕСКО ва Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба Аврупо (UNECE) Конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об таҳти унвони «Об баҳри субот» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар паёми видеоӣ дар маросими ифтитоҳии Конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об  гуфт, ки «Тоҷикистон тайи зиёда аз ду даҳсола масъалаҳои марбут ба обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд  тавассути ташаббусҳои худ пеш мебарад».

Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки ташаббусҳои ҷаҳонии  Тоҷикистон, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст, барои пешбурди мавзуи марбут ба об дар сатҳҳои гуногун, инчунин ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об, аз ҷумла масоиле, ки дар Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор дарҷ шудаанд, заминаи сазовор гузоштанд.

Моҳи марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси оби СММ, якчанд уҳдадориҳои Тоҷикистонро, аз ҷумла истифодаи платформаи Раванди оби Душанбе барои пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби СММ ва Рӯзномаи амали обро  баён намуданд.

Боиси тазаккур аст, ки Раванди оби Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пуштибонии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таъсис ёфтааст. Тибқи он  Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳар ду сол конфронсҳои байналмилалиро  бахшида ба Даҳсолаи амали об баргузор менамояд.

«Тоҷикистон ба уҳдадории худ дар пешбарии рӯзномаи об содиқ боқӣ монда, ҳамаи шариконро  даъват менамоя, ки дар Конфронси сеюми Даҳсолаи амали оби Душанбе фаъолона иштирок  намоянд, то дар иҷрои уҳдадориҳо ва амалҳои нави марбут ба об саҳм гузоранд», — гуфт дар анҷом Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 23, 2024 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид