Вобаста ба ворид шудани Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО конфронси байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ,13.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ворид шудани Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.
Дар конфронс олимону мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ иштирок намуда, роҷеъ ба популятсияи ҳайвоноту наботот, экосистемаҳои табиии туғайзор ва ҳифзу нигоҳдошти онҳо аз антропоген (таъсири инсон) дар ҳудуди мамнуъгоҳ маърузаҳои илмӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади таблиғу ташвиқ ва муаррифии бештари ин мавзеи нодир диорамаи «Бешаи палангон» таъсис дода шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни олами ҳайвоноту набототи нодири Тоҷикистон ба маъраз гузошта шудааст. Аз ҷониби роҳбаладони Осорхонаи миллӣ барои меҳмонони ватаниву хориҷӣ оид ба ин мавзеъ ҳамарӯза сайрҳои мавзуӣ баргузор мешаванд.


Ёдовар мешавем, ки Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» 20 сентябри соли 2023 зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.
«Сертификат»-и асле, ки ворид шудани Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон»-ро ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО тасдиқ менамояд, дар Осорхонаи миллӣ ҳифзу нигоҳдорӣ мешавад.
Барои иштирокдорони конфронс оид ба Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» аз ҷониби роҳбалади Осорхонаи миллӣ бо забони англисӣ сайри мавзуӣ гузаронида шуд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон










Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






