«ЗАН – ОЛИҲАИ ЗИНДАГӢ». Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таҳти чунин унвон ҳамоиш баргузор шуд

Март 8, 2024 09:58

ДУШАНБЕ, 08.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 март дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Модар таҳти унвони «Зан – олиҳаи зиндагӣ» ҳамоиш баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин мақомот.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода занони мақомот ва дар симои онҳо тамоми занон-модарони  ҷумҳуриро бо Рӯзи Модар самимона муборакбод намуд. Иброз гардид, ки саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи суннатҳои қадимии аҷдодонамон, яъне арҷгузорӣ ба Зан-Модар ва заҳматҳои шабонарӯзии ӯ дар таълиму тарбияи фарзандони ботарбия беназир аст.

Дар ҷамъомад кормандон оид ба ҷанбаҳои гуногуни ин ҷашни муқаддас ва дар ин замина нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар пешбурди ҳуқуқу озодиҳои занону духтарон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ сухан намуданд.

Иштирокчиён таманниёташонро ба модарони азиз ва хоҳарони меҳрубон иброз намуда, дар васфи Зан-Модар аз бузургони адабиёти классикӣ ва муосир шеърҳо қироат намуданд.

Дар ҳамоиш як зумра занон қадрдонӣ шуданд.

АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 8, 2024 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
4 август дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид