10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ДУШАНБЕ, 10.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 апрел ба таъсиси Қӯшунҳои дохилии Тоҷикистон, ки яке аз сохторҳои низомии пурқудрати мамлакат ба шумор меравад, 33 сол пур шуд. Доир ба нақш ва таърихи ин сохтор маълумот пешниҳод менамоем.
Таърихи таъсис ва ташаккули қӯшун
18 ноябри соли 1991 барои дар заминаи қисму воҳидҳои ба марказ тобеъи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ таъсис додани қӯшунҳои дохилии байниҷумҳуриявӣ дастур дода шуд. 10 феврали соли 1992 фармони Вазири корҳои дохилӣ ба тасвиб расид, ки дар заминаи он бо фармонҳои дигари Вазири корҳои дохилӣ аз 30 марти соли 1992 ва аз 3 апрели соли 1992 сохтори Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ба таври расмӣ тасдиқ шуд, ки Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва Баталиони алоҳидаи таълимиро дар бар мегирифт. Ин санади таърихӣ бо қарори Шурои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 апрели соли 1993 ба расмият дароварда шуд ва аз ҳамон сол 10 апрел Рӯзи таъсиси Қӯшунҳои дохилӣ мебошад.
Қӯшунҳои дохилӣ давоми солҳои 1992-1995 10 қисми ҳарбии алоҳидаро бо теъдоди умумии зиёда аз 10 000 нафар ҳайати шахсӣ дар бар мегирифт.
Фаъолияти хизматӣ-ҷангии қӯшун
Аз оғози таъсис то имрӯз 78 хизматчии ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд, ки аз ғамхории зиёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳайати шахсӣ дарак медиҳад. Бояд гуфт, ки дар руҳияи ҷангии афсарону сарбозону имрӯзаи Қӯшунҳои дохилӣ низ саъю талошҳои ҳамеша пешсафи ҷабҳа будан ва ноил гаштан ба ғолибият чун анъана ҷой дорад.
Яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангии воҳиди ҳарбӣ- ин ҷалби ҳайати шахсӣ ба машқҳои амалии тактикӣ мебошад. Дар ин раванд Қӯшунҳои дохилӣ ҳамасола ба таври мустақилона ё муштарак бо дигар воҳидҳои таркибии Вазорати корҳои дохилӣ машқҳои тактикӣ доир намуда, ба ин васила маҳорати касбии ҳайати шахсиро такмил медиҳад.
Таъмини омодабошии ҷангии қисму воҳидҳо, пеш аз ҳама, дар татбиқи чорабиниҳо оид ба ташкили тайёрии ҷангию такмили маҳорати касбии ҳайати шахсӣ таҷассум ёфта, барои иҷрои вазифаҳои хизматию ҷангӣ омода будани ҳайати шахсиро ифода менамояд.
Машғулияти таълимӣ вобаста ба фанҳои тайёрии оташфишонӣ, сафороӣ, ҷисмонӣ, муҳандисӣ, техникӣ, тиббӣ, алоқа, тактикаи умумиқӯшунӣ, тактикаи махсус, муҳофизат аз силоҳи қатли ом ва ғайра амалӣ шуда, дар шаклҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида мешавад. Тайёрии ҷангӣ ва ҷисмонӣ дар воҳидҳои таъйиноти махсус аз рӯи барномаи махсуси барои ин категорияи ҷузъу томҳо тарҳрезишуда бо гузаронидани баромадҳои саҳроии ҳарҳафтаина ва барои ҳайати шахсии боқимонда ҷузъу томҳо — моҳе як маротиба бо ташкили баромадҳои саҳроӣ мегузарад. Ба замми баргузории машғулияти маъмулии рӯзмарраи ба тақвияти тайёрии ҷангии ҳайати шахсӣ равонагардида барои такмили касбият ва баланд бардоштани малакаю маҳорати ҳайати шахсӣ ҳамасола бо ҳайати шахсӣ машғулияти махсуси тактикӣ баргузор мешавад.
Азбаски тайёрии ҷисмонӣ ҷузъи ҷудонашавандаи тайёрии ҷангӣ аст, месазад, ки ин ҷо аз дастовардҳои варзишии қӯшун ёдовар шуд, зеро дастаи варзишии Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун воҳиди таркибии Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар баланд бардоштани обрӯю нуфузи вазорат дар ҷумҳурӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ нақши назаррас дорад. Давоми панҷсолаи охир дастаи варзишии қӯшун дар тамоми чорабиниҳои варзишии сатҳи мақомот байни сохторҳои қудратию дигар мақомоти давлатии мамлакат ва чорабиниҳои варзишии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, дар аксари онҳо аз рӯи ҳисоби даставӣ ва шахсӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуд.
Вазъи омодасозии кадрҳои соҳавӣ дар қӯшунҳо
Бояд гуфт, ки аз соли 2004 инҷониб зиёда аз 500 сарбози Қӯшунҳои дохилӣ дар заминаи факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯи ихтисоси «Командири взводи Қӯшунҳои дохилӣ» ва аз соли 2009 инҷониб тибқи шартномаи дуҷонибаи Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гвардияҳои миллии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон 124 хизматчии ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ дар донишкадаҳои ҳарбии ин ниҳодҳо аз рӯи ихтисосҳои фармондеҳӣ, корҳои тарбиявӣ ва ҳарбии техникӣ, алоқа, ақибгоҳ ба таҳсил фаро гирифта шуд. Ин ба сифатнокии ҳайати кадрии Қӯшунҳои дохилӣ таъсири назаррас расонид.
Бар замми ин барои тақвияти сифатноки ҳайати кадрии Қӯшунҳои дохилӣ ҳамасола то 15 афсари қӯшун дар заминаи Академияи умумиқӯшунии Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия, Донишгоҳи миллии мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсили иловагӣ ва баъдидипломии тахассусӣ фаро гирифта мешавад.
Ташкили шароити мусоиди хизмат, кору истироҳат ва фароғати ҳайати шахсӣ яке аз кафолатҳои асосии самаранокии фаъолияти воҳиди ҳарбӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба ободонии қисму воҳидҳои қӯшун диққати махсус зоҳир намуда, бо дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ имрӯз аз ҷиҳати моддӣ-маишӣ дар сафи пеши сохторҳои ҳарбии мамлакат қарор доранд.
Шароити зисти сарбозон дар қӯшун
Давоми солҳои 2013-2014 хобгоҳҳои сарбозони яке аз қисмҳои ҳарбӣ, хонаҳои нигоҳдории аслиҳаю муҳимоти ҷангии ротаҳо ва ҳуҷраҳои кории командирони баталионҳо, ротаҳо ва афсарони ҷузъу том аз таъмири куллӣ бароварда шуда, бинои сеошёнаи солиёни дароз бекорхобидаи ин қисми ҳарбӣ навсозию таъмир гардид.
Бар замми ин дар қисми ҳарбӣ ҳаммоми замонавӣ, синфхонаи компютерӣ, сартарошхона, нуқтаи тиббӣ, қаровулхона, қисми навбатдорӣ, нуқтаи назорати гузаргоҳ, анбори нигоҳдории меваю сабзавот ва дигар анвои хӯрокворӣ, инчунин майдони сафороии қисми ҳарбӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Барои тарбияи ҷисмонии ҳайати шахсӣ дар қисми ҳарбӣ майдони варзишии намунавӣ сохта шуд. Бо мақсади бо манзили хизматӣ таъмин намудани афсарону прапоршикони қисми ҳарбӣ бинои дуошёнаи муддати зиёда аз 10 сол бекорхобида, ки аз 36 ҳуҷра иборат аст, ба куллӣ таъмир шуда, барои зиндагии оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ дар он тамоми шароити мусоид муҳайё гардидааст. Ҳамзамон ҷиҳати нигоҳдошт ва парвариши аспҳои хизматӣ барои 40 сар асп аспхона сохта шуд.
Бинои рота аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар таҳхонаи он толори варзишию анборхонаи маводи хӯрокворию либос, дар ошёнаи якум ошхона барои 150 ҷойи нишаст, нонпазхона, қисми навбатдорӣ, утоқи нигоҳдории аслиҳаю муҳимоти ҷангӣ ва 4 утоқи корӣ, дар ошёнаи дуюм хобгоҳи сарбозон барои 150 ҷойи хоб, утоқи нигоҳдории аслиҳаю муҳимоти ҷангӣ, утоқи кории афсарон, анборча, дар ошёнаи сеюм синфхонаи таълимӣ бо 60 ҷойи нишаст, толори маҷлисгоҳ бо 80 ҷойи нишаст, 4 утоқи корӣ ва хобгоҳи афсарон барои 40 ҷойи хоб ҷойгир аст.
Тамоми иншооти рота ба системаи ягонаи гармидиҳии тавассути қувваи барқ ва ангиштсанг фаъолшаванда пайваст шудааст.
Соли 2021 дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ сохтмони бинои дидорбинии сарбозон бо наздикону пайвандонашон ба истифода дода шуд, ки ҳамзамон дар ошёнаи якуми он ошхонаи афсарон ҷойгир аст. Ба замми ин бо мақсади тақвияти тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсӣ дар майдони варзишии қисми ҳарбӣ машқгоҳи варзиши сабук иборат аз 16 унсур ба истифода дода шуд.
Барои такмили маҳорати касбии ҳайати шахсии воҳидҳои таъйиноти махсуси Қӯшунҳои дохилӣ дар заминаи машқгоҳи «Марғоб»-и вазорат сохтмони Комплекси таълимии кӯҳии воҳидҳои таъйиноти махсус ба анҷом расонида шуд, ки барои тайёрии касбии ҷанговарони воҳидҳои таъйиноти махсус дар шароити кӯҳсор аҳамияти калон дорад. Комплекс аз қисми таълимӣ (5 синфхонаи тобистона ва 3 майдончаи тактикӣ), маъмурӣ (утоқи ҷаласагузорӣ) ва моддӣ-маишӣ (5 хаймаи саҳроии ҷиҳозонида, 4 долончаи нишаст, хонаи истироҳатӣ, ҳаммом ва буғхона, ошхонаи сарбозон барои 100 нафар, ошхонаи афсарон барои 15 нафар, ҷои хӯрокпазии саҳроӣ) иборат аст.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ