35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ифтихори ин ҷашн дар Ҳисор Аквапарки замонавӣ бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 07.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор ҷаласаи сайёри ситод оид ба корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар иртибот ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Раиси шаҳри Ҳисор баҳри вусъат додани раванди корҳои ободонию созандагӣ дар иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, корхонаҳои саноатӣ, бахусус корхонаҳои таъмири трансформатор, корхонаи истеҳсоли шифери асбестӣ, фабрикаи парандапарварӣ ва Аквопарки замонавӣ дар шаҳраки Ҳисор ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Инчунин дар ҷаласаи ситод масъалаи кӯчонидани терминали мусофирбарии шаҳрак ва дарёфти мавзеи мувофиқ барои сохтмони терминали нав баррасӣ гардид.
Масъулин барои тозагиву ободонии атрофи иншооти бунёдшаванда, шинонидани гулу бутта ва дарахтони ороишию сояафкан, баргузор намудани шанбегиҳои дастҷамъона бо иштироки аҳолӣ, роҳбарон ва аъзои ситод вазифадор гардиданд.
Раиси шаҳр аз шанбегии қаблан эълоншудаи умумишаҳрӣ дар ҳудуди масҷидҳо ва оромгоҳҳои маҳаллаву деҳаҳо ёдовар шуда, дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани онро таъкид намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд






