ҚАЛЪАИХУМБ — ВАНҶ — ДАРВОЗАИ РӮШОН. Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ҷараёни таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ шинос шуд

Апрель 17, 2024 13:59

ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои таҷдиду навсозии қитъаи роҳи «Қалъаихумб — Ванҷ — дарвозаи ноҳияи Рӯшон» гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ба ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ сафар намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Гурӯҳи корӣ дар ҳамаи нуқтаҳои сохтмонӣ бо ҷараёни корҳо шинос шуда, бо роҳбарону мутахассисони дохиливу хориҷӣ ва кормандон суҳбат намуд. Вазири нақлиёт зимни вохӯрӣ бо сохтмончиён таъкид дошт, ки таҷдиду навсозии ин қитьаи роҳ, ки дар доираи Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе – Қулма» амалӣ мегардад, аҳамияти стратегӣ дошта, таҳти назорати пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зеро беҳтар намудан ва ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани инфрасохтори соҳаи роҳу нақлиёт баъди раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба татбиқи ҳадафи дигар — табдил додани Тоҷикистон ба давлати транзитӣ мусоидат мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамаи қитъаҳо корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома доранд. Нақби №1 аз даромадгоҳ (деҳаи Кеврон) ба дарозии 921 метр канда шудааст. Инчунин нақбканӣ, мустаҳкамкунии муваққатӣ, торкретбетон, бетонкунии қисмати поёни нақб ва арматурбандию бетонкунии қисмати болоии нақб идома дорад. Нақби №2 (деҳаи Тоғмай — Курговад) аз даромадгоҳ бо дарозии 164 метр канда шуда, корҳои нақбканӣ, мустаҳкамкунии муваққатӣ, бетонкунии қисматҳои поёнӣ ва болоии нақб тибқи нақша идома доранд. Сохтмони пулҳои мошингузар низ тибқи нақша ҷараён дошта, корҳои бетоникунии сутунпояҳо дар пули №1 (деҳаи Калъаихум) 33%, пармакунӣ ва арматурбандии мехсутунҳо дар пули №2 (воқеъ дар деҳаи Кеврон) 13%, корҳои бетонӣ дар пули №3 (деҳаи Ҷорф) 76%, бетонкунӣ дар пули №5 (деҳаи Вишхарв) 85%, пармакунӣ ва бетонкунии мехсутунҳо дар пули №6 (деҳаи Шодак) 30% ва пармакунии мехсутунҳо дар пули №10 (деҳаи Пшихарв) 3 % иҷро гардидаанд.

Аз тарафи паймонкор дар қисматҳои алоҳидаи роҳ дар ҳолати резиши сангреза ё фуромадани сангҳо сари вақт чораҷӯӣ карда мешавад. Ба ҳолати имрӯза бо дарозии 57 км корҳои заминӣ ба сомон расонида шуда, инчунин дар километри 35,3-и роҳи мазкур корҳои заминӣ идома доранд ва қисмате аз он дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд. Дар ҳудуди қитъаҳои роҳи таҷдидшаванда корҳои кӯчонидани хатҳои коммуникатсияи муҳандисӣ (алоқа ва барқ) идома доранд, аз ҷумлаи ин корҳо 19,8 км хатҳои алоқа ва 14,6 км хати барқ иҷро гардидаанд.

Азим Иброҳим дар машварати корӣ бо муҳандисон ва мутахассисон иброз дошт, ки дар ҳама ҳолат аввал бояд ба сифати иҷрои корҳо диққати ҷиддӣ дода шавад. Баъд аз таҳлилу баррасии масъалаҳои марбут ба раванди иҷрои корҳои сохтмонӣ вазири нақлиёт ба масъулин супориш дод, ки сохтмони пулҳои №1 ва 2 моҳҳои сентябр ва август анҷом дода шавад. Кор дар бунёди пулҳои №4, 6, 7 тезонида шавад. Сохтмони пурраи такядеворҳои оҳанубетонӣ ва сангу омехтаи семент бояд моҳҳои май – июл пурра ба анҷом расад. Хобондани лӯлаҳо ва новаҳои обпарто дар нуқтаҳои аҳолинишин, корҳои пармакуниву таркишӣ ва хокканӣ аз моҳи май то сентябр бояд пурра ба охир расанд.

Ҳамчунин Вазири нақлиёт дастур дод, ки барои суръатбахшии кор дар сохтмони ин қитъаи роҳ ситоди корӣ таъсис дода шавад. Ситод пас аз ҳар 15 рӯз бо ҷараёни сохтмони иншоот шинос шуда, оид ба сатҳу сифат ва суръати корҳо маълумот пешниҳод намояд. Муовини якуми Вазири нақлиёт Раҳим Бобозода роҳбари ситод таъйин гардид.

Дар ин қитъа дар асоси лоиҳа сохтмони 15 пули мошингузар, ду нақб бо дарозии 5 ҳазору 200 метр, 5 долони зиддитармавӣ бо дарозии 438 метр, 22 ҳазор метр канорадеворҳои оҳану бетонӣ ва сангӣ, гузоштани 150 лӯлаи обпарто ва чароғонкунии 14 деҳаи ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо дарозии 17,7 километр ба нақша гирифта шудааст. Ин қитъаи роҳ 109 километрро дар бар гирифта, ҳудуди ноҳияи Дарвоз ва Ванҷро убур мекунад. Он аз байни қаторкӯҳҳои Дарвоз гузашта, дар миқёси ҷумҳурӣ роҳи душворгузар маҳсуб мешавад, ки солҳои дароз таъмири асосиро надидааст. Баъди пурра таҷдиду навсозӣ кардан ин қитъа 16 километр кӯтоҳ мегардад ва дар умум 92,3 километрро ташкил хоҳад дод.

Маблағи сохтмон кумаки Чин буда, зиёда аз 200 миллион долларро ташкил медиҳад. Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ҳамоҳангсози он Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе-Чаноқ» ва паймонкори асосӣ корпоратсияи чинӣ оид ба сохтмони роҳ ва пулҳо «Чайна Роуд энд Бридҷ Корпорейшн» мебошанд. Раванди корҳои сохтмонӣ дар ин масир зери назорати пайваста қарор дорад. Дар ин иншооти муҳим 255 техникаву механизм ба кор ҷалб шуда, 906 коргар фаъолият дорад, ки 752 нафар коргарони маҳаллӣ ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ ва татбиқи лоиҳа дар ин масир 27 сентябри соли 2021- дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз оғоз гардида буданд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 17, 2024 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ (ICIEC) мулоқот намуд
Завқӣ Завқизода аз Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маблағгузориро афзоиш диҳад
Силсилавохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд баргузор шуданд
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар Риёз бо Роҳбари ITFC мулоқот анҷом дод
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дар Риёз иштирок намуд
Одил Рено-Бассо: «Ҳамкории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Тоҷикистонро метавон ҳамчун ҳамкории шарикӣ арзёбӣ намуд»
Дар ноҳияи Данғара Фестивали «Саводнокии молиявӣ» гузаронида шуд
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Рӯзҳои сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Имсол дар вилояти Суғд ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе аз 3 то 5 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи «Таҳкими идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷетӣ дар Тоҷикистон» муаррифӣ гардид