Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шарикон оид ба рушд, роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ ва марказҳои саломатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат хабар медиҳад.
Тавре иброз гардид, аз 22 то 27 апрел давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба он дохил аст, таҳти шиори «Муҳофизати наслҳои ҳозира ва оянда бо роҳи гузаронидани иммунизатсия!» Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия мегузаронанд.
Мақсади асосии он баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки имсол 50-солагии Барномаи васеи иммунизатсия дар сатҳи байналмилалӣ гузаронида мешавад. Яъне, шуруъ аз соли 1974 ҳар давлати ҷаҳон истифодаи ин барномаро бо мақсади пешгирӣ намудани бемориҳои сироятии хатарноке, ки ба оризаҳои вазнин ва фавти аҳолӣ оварда мерасонанд, оғоз намуд. Бо шарофати ин барнома сол то сол сатҳи бемориҳои сироятӣ бо истифода аз ваксинаҳои ҳаётан муҳим коҳиш меёбад.
Ҳамзамон имрӯзҳо ҳар давлат Барномаи миллии иммунопрофилкатикаи худро дорад, ки дар доираи амалигардонии он тамоми чорабиниҳо ба нигоҳдории солимию дарозумрии аҳолӣ равона карда шудаанд. Аз ин рӯ, ваксинаҳо моро ҳамчун як шахсият муҳофизат мекунанд ва барои якдигарро муҳофизат намудан низ кумак мерасонанд, зеро ҳар шахси иммунизатсияшуда дар пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ нақши калидӣ дорад.
Ҳамасола Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ намуда, давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия чорабиниҳоро баҳри тарғиби иммунизатсия дар байни аҳолии мамлакат ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ амалӣ менамояд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид






