Бо волидайни хонандагони Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор мулоқоти судманд доир шуд

Апрель 21, 2024 10:24

ҲИСОР, 21.04.204 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, олимон ва ходимони дини мамлакат дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор бо волидайни хонандагон вохӯрии судманд доир гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд директори Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор Миҷгона Раҳимӣ иттилоъ дод.

Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ намуда, аз аҳли ҷомеаи мамлакат риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.

Сарвари давлат эрод гирифтанд, ки мутаассифона, ҳодисаҳои вайрон намудани қонун зимни гузаронидани маъракаҳо ба чашм мерасанд. Ҳоло ҳам баъзе одамон дар маъракаҳояшон ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд.

Президенти Тоҷикистон зимни мулоқот таъкид намуданд, ки зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риоя накардани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана ва расму оинҳои мардумию динӣ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад.

Масъулини Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор дар ин вохӯрӣ доир ба истифода дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии ҳамроҳ нашудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ибрози андеша намуданд.

Волидайни хонандагон иброз доштанд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар зиндагӣ амалӣ намуда, кӯшиш мекунанд, ки ба исрофкорӣ роҳ надода, фарзандонашонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба воя расонанд ва барои соҳибкасб гардидани онҳо мусоидат намоянд.

АКС: Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор

Апрель 21, 2024 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд