Cафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшан оғоз гардид

Апрель 10, 2024 09:20

ДУШАНБЕ, 10.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд идома ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти коргоҳи дуредгарию кандакорӣ шинос шуданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шамси Ориён», ки дар деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан ҷойгир аст, моҳи марти соли 2023 ба фаъолият оғоз кардааст.

Муассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шамси Ориён» Солӣ Азизов ва Собир Азизов мебошанд.

Дар ин ҷамъият барои аҳолӣ, мақомоти давлатию идорӣ ва дигар муассисаҳои хоҷагидорӣ маҳсули кори ҳунармандон, аз қабили дуредгарӣ, кандакорӣ, сохтани дару тиреза, кат ва ҳама гуна коркарди чӯбу тахта пешниҳод мешавад.

Масоҳати коргоҳ 1950 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар коргоҳ дастгоҳҳои автоматии фрезерӣ, нуқтаҳои рангубор, буриши чӯбу тахта ва кандакорӣ мавҷуд аст. Айни ҳол дар маҷмуъ 200 нафар дар устохонаҳои коргоҳи кандакории Солӣ Азизов фаъолият доранд.

Мутахассисон дар ин ҷо ба ҳайси шогирд қабул ва баъд аз омӯзонидан соҳиби ҳунари волои кандакории замонавӣ шудаанд.

Айни ҳол дар заминаи коргоҳ ба 20 нафар ҷавон ва 10 нафар бонувон касби ҳунармандӣ омӯзонда мешавад.

Ашёи хом дар коргоҳ аз Малайзия, Чин, Италия, Русия, Эрон, Олмон ва Туркия дастрас мешавад. Барои сохтану омода намудани сутунҳо, айвонҳо, чӯбдеворҳо ва дастранҷи дигари устоҳои коргоҳи мазкур аз дарахтони шумтол, булут, олаш, ҷалғӯза, зерфун, заранд ва чормағз истифода мебаранд.

Баъзе намуди дарахтон, аз ҷумла чормағз аз манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ дастрас мешаванд.

Маҳсули кори устоҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шамси ориён» дар мисоли айвонҳову сутунҳои бо санъати баланд кандакоришуда, писанди сокинону меҳмонон ва сайёҳон гардидааст. Аз ҷумла, ҳангоми баргузории чорабиниҳои бонуфузи сатҳи байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, сарони як қатор давлатҳои дунё ба зебоиву шаҳомати санъати миллии кандакории тоҷикӣ ва заҳмату ҳунари корҳои анҷомдодаи усто Солӣ Азизов баҳои баланд додаанд. Ҷараёни сохтану коркарди сунутҳо, чӯбдеворҳо, қоби тиреза, дарвозаҳои хурду бузург ва дигар маҳсулоти омодашуда бо диди нозук ва ҳисси баланди зебоипарастии тасвирӣ омода шуда, рӯи тахтаҳо ҳаккокӣ мешавад.

Зимни боздид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шамси Ориён» суҳбати самимӣ анҷом дода, ба кори устоҳои коргоҳ баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки санъати кандакорӣ аз ҳунарҳои қадима ва зебои миллати тоҷик аст ва барои зинда нигоҳ доштан онро бояд тариқи омӯзондани шогирдон ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.

Бунёди коргоҳи мазкур ва фаъолияти босамари он самараи фазои орому осудаи меҳан ва имтиёзҳои соҳавӣ буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, бунёди корхонаҳои хурду бузург ва дар ин замина ташкили ҷойҳои нави корӣ ба амал омадааст.

Таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибмаълумоту соҳибкасб гаштани аҳолии мамлакат, хусусан ҷавонон зиёд буда, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат барои дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳо самарабахш аст.

Аз ҷумла, таи 10 соли охир қабули якчанд барномаҳои давлатӣ дар ин самт ва ҳамзамон эълон доштани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, барои солҳои 2019-2021», аз зумраи тадбирҳои болозикр аст.

Бо талошу ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои дӯстиву тичоратӣ ва транзитӣ бо давлатҳои дунё хуб ба роҳ монда шудааст. Ин аст, ки имрӯз барои харидориву дастрасии таҷҳизоти гуногун, аз ҷумла дастгоҳҳои корхонаҳои истеҳсолӣ аз давлатҳои хориҷ имконот фарох буда, муассисони коргоҳу корхонаҳо ва соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати харидорӣ ва расонидану мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳову таҷҳизоти гуногун тадбирҳои муасир амалӣ менамоянд.

Ҷараёни кори устоҳои кандакор дониш, маҳорат ва завқи баландро тақозо мекунад, аз ҷумла раванди сохтани дарвозаҳои бузург ва ё тахтадеворҳо солҳоро дар бар мегирад.

Нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дар семоҳаи якуми соли 2024 бештар аз 270 ҳазорро ташкил намуда, даромаднокӣ нисбат ба семоҳаи якуми соли 2023 ду маротиб афзудааст.

Корхона дар як сол бештар аз 1 миллион сомонӣ даромади соф ба даст меорад.

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан ва боздид аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шамси Ориён” 10.04.2024

Апрель 10, 2024 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Ашт шумораи корхонаҳои саноатӣ меафзояд
ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТИ ХИРАДПЕША. Нигаҳдорию эҳтирому эътирофи ин неъмат бузургтарин арзиши миллӣ ба шумор меравад
Дар Суғд сохтмони Маркази зеҳни сунъӣ ва «IT park» идома дорад
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд мегарданд
34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бағдоди Ироқ таҷлил карда шуд
Истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ дар партави рушди маориф
Дар ноҳияи Нуробод бузургтарин пули мошингузар дар миқсёи Тоҷикистон сохта мешавад
Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими истиқлол ва рушди иқтисодии Тоҷикистон
Вазифае муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нест. Мулоҳизаҳои коршинос дар ин мавзуъ
Шоми имрӯз дар Душанбе ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ барномаи фарҳангӣ доир мегардад