Дар Душанбе бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 15.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Устод Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ хабар медиҳад.
Дар конференсия дар бораи паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Устод Айнӣ маълумоти муҳим дода шуд.
Дар ҷамъомад олимону устодони Институти забон ва адабиёт, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуъҳои «Дунявият дар осори Устод Айнӣ», «Ҷойгоҳи таърих дар осори Устод Айнӣ», «Айнӣ ва шоирони сабки ҳиндӣ» сухан намуда, хизматҳои барҷастаи Устодро дар рушди илму адабиёт ва фарҳанги тоҷик баён доштанд.
Дар конференсия се китоби нав- «Мактубҳо», «Мир Алишери Навоӣ» ва «Намунаи адабиёти тоҷик»- «Шоҳнома»-и дигар», ки бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба муносибати 146-солагии Устод Садриддин Айнӣ ба нашр расидаанд, рӯнамоӣ гардид.
АКС: Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд






