Дар Кӯлоб сохтмони марҳилаи дуюми фабрикаи парандапарварӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 07.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Зарбдори шаҳри Кӯлоб бо иқдоми соҳибкор Амрохон Чориев фабрикаи парандапарварӣ бунёд гардида, сохтмони марҳилаи дуюми он оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолияти фабрика шинос гардида, ба сохтмони марҳилаи дуюми он оғоз бахшиданд.
Гуфта шуд, ки самти фаъолияти фабрикаи парандапарварӣ истеҳсоли гӯшти мурғ буда, дар айни замон барои забҳ 10 ҳазор сар мурғ омода мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони фабрикаи парандапарварӣ соли 2022 оғоз гардида, баъди анҷоми сохтмони марҳилаи якуми ин корхона 17 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд






