Дар Минск консерти ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон баргузор мегардад

Апрель 17, 2024 09:29

ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 апрел дар шаҳри Минск бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Филармонияи давлатии Беларус барномаи консертии ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». 

Бояд гуфт, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳанг ҳамчун рамзи симои маънавии мардум, муттаҳидкунандаи неруи илмию зеҳнӣ, таҷассуми таърихи муосиру бостонӣ,  урфу одат, хулқу одоби баланд ва дигар ёдгориҳои миллӣ дар ҷомеа мавқеи сазоворро ишғол намуд.

Барои таҳкими ин арзишҳо бо шарофати ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои гуногуни фарҳанги миллӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, соҳаи фарҳанг ба комёбиҳои бесобиқа ноил гардид.

Бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки яке аз дастовардҳои фарҳангии даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, ҳоло мамлакати моро пайваста дар хориҷа намояндагӣ мекунад.

Ба оркестри симфонӣ навозандагони касбӣ дар асоси озмун ба кор қабул карда мешаванд.

Оркестри симфонӣ бори аввал бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон консерт намоиш дода буд.Дар баробари иштирок ва ҳунарнамоӣ дар чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявӣ  барномаҳои консертии оркестр дар кишварҳои  хориҷӣ низ  ташкил ва гузаронида шуданд.Ташкил ва гузаронидани барномаи консертии  Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус маротибаи аввал буда, дар доираи сиёсати дӯстона ва фарҳангпарваронаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко анҷом дода мешавад.

 АКС аз бойгонӣ

Апрель 17, 2024 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид