Дар Пекин масъалаи омодагӣ ба нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Пекин дар Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай ҷаласаи ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои ин созмон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай.
Масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаҳои дарпешистодаи Шурои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Остона, инчунин лоиҳаҳои санадҳои марбут ба ҳамкории бисёрҷониба дар бахшҳои сиёсӣ-дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуданд.
Ба баланд бардоштани сатҳи ҳамкории амалӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар ин замина доир ба замонависозии Созмон ва сохторҳои доимии он, инчунин таҳкими кор бо шарикони муколамаи Созмони Ҳамкории Шанхай ва иттиҳодияҳои байналмилалӣ табодули афкор анҷом дода шуд.
АКС: Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай дар Пекин








Анҷумани ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми Созмони ҳамкории Шанхай оид ба рушди устувор иштирок намуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
Дар Душанбе Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай таъсис меёбад
Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми марказҳои таҳлилии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: 25 соли ҳамкорӣ ба хотири рушди муштарак» доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар машварат вобаста ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд






