Дар шаш минтақаи Тоҷикистон сел ба амал омад
ДУШАНБЕ, 29.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти аҳолӣ мерасонад, ки дар мамлакат бар асари бориши шадид хатари фаромадани сел, ярч, сангрезӣ ва фаромадани тарма боқӣ мемонад. Дар ин ҳолат Кумита ба аҳолӣ тавсия додааст, ки барои пешгирӣ аз оқибатҳои сел каналҳо, обанборҳо ва заҳбурҳоро тоза кунанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Гуфта шуд, ки давоми 24 соати охир дар шаш минтақаи мамлакат сел сабт шудааст. Ба иттилои манбаъ, 28 апрел, соати 16:30 бо вақти маҳаллӣ бар асари бориш сел аз теппаҳои атроф ба ҳудуди деҳоти Шараф, Садоқат ва Тоҷикободи Ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ фаромад. Инчунин роҳҳоро об зер кард.
28 апрел, соати 15:40 аз теппаҳои атроф ба деҳаҳои Даҳанаи Ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сел фаромада, об роҳҳоро баст. Соати 20:45 дар деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сел 18 қитъаи заминро зери об монд. Дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия фаъолият дорад. Зарари расида муайян карда шуда, барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ кор давом дорад.
Худи ҳамон рӯз, соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ бориши шадид боиси боло рафтани сатҳи оби канали Хоҷқалъаи деҳаи Зафарободи Ҷамоати деҳоти ба номи Қ.Ғиёсови ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон гардид. Дар натиҷаи сел 13 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинон ва роҳҳои ин деҳа зери об монд. Ҳамчунин комиссияи фавқулодаи ноҳия дар ҷойи ҳодиса кор карда, барои бартараф намудани оқибатҳои он кор идома дорад.
28 апрел дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, дар наздикии шаҳраки Нобиноиёни (Лағмон-2)-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар натиҷаи бориши шадид сатҳи оби дарё боло рафта, хатари шуста шуданро ба вуҷуд овард. Барои бартараф намудани вазъият маҷрои дарё бо ёрии техника ба масофаи 150 метр дигар карда шуд.
Инчунин дар махаллаи «Хати роҳ» сатҳи оби Девонасой баланд шуда, дар натиҷа сой пур аз лой ва сангреза шудааст. Бо ҷалби техникаи махсуси Раёсати мелиоративии шаҳри Кӯлоб сой тоза карда шуд.
28 апрел болоравии сатҳи оби дарёи Ёхсу ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа садди муҳофизатии дарёро дар қитъаи Кӯчабоғи Ҷамоати деҳоти ба номи Х. Раҷабов, ноҳияи Восеи вилояти Хатлон шуста бурд. Бо ёрии 4 агрегати махсуси Раёсати мелиоративии ноҳияи Восеъ ба масофаи 120 метр хандақ кофта, дар майдони муайяншуда 14 садди оҳану бетонӣ гузошта шуд.
28 апрел болоравии сатҳи оби дарёи Сурхоб низ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Баҳманрӯд ва деҳаи Шибанаи Ҷамоати деҳоти Чилчаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон сарбандҳои муҳофизатӣ қисман шуста шуданд. Бар асари омадани сел дар ин манотиқ талафот ва харобиҳо ба мушоҳида нарасидаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳое, ки аз теппаҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, хатари фаромадани сел, ярч, сангрезӣ ва болоравии сатҳи об боқӣ мемонад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2025 баргузор гардид
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2025 доир мегардад
ОГОҲӢ. Аз 27 то 29 январ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ КОРД АЗ ҶОНИБИ НОБОЛИҒОН. Андешаҳо оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи воҳидҳои корӣ дар вазифаҳои хизмати давлатӣ 440 адад зиёд гардид
Дар моҳи феврал сокинони Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуд
МАРКАЗИ РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ ВА МАЛАКАҲОИ КАСБИИ МУОСИР. Кадом касбу ҳунарро дар ин ҷо метавон омӯхт?
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
ТАРМАФАРОӢ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷаласа доир шуд
ҲАДАФ-ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд






