Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Узбекистон баргузор мегарданд

Апрель 15, 2024 16:31

ДУШАНБЕ, 15.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 15 то 20 апрел дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Узбекистон баргузор мегарданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.

Имрӯз, 15 апрел ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон ба хотири баргузории Рӯзҳои синамои узбек ба Тоҷикистон омад. Ҳайати меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе масъулин тибқи одобу суннати меҳмондории тоҷикона истиқбол гирифтанд.

Дар доираи ин рӯзҳо дар кинотеатрҳои шаҳри Душанбе ва коху қасрҳои фарҳанги шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб барои алоқамандони синамо филмҳои ҳунарии «Абдулло Орифов», «Судя», «Таҳаввулот» ва «Зинда бод ҳамсар!» намоиш дода мешаванд.

Мутобиқи барнома, 16 апрел, соати 14:30 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров дар робита ба баргузории Рӯзҳои синамои Узбекистон бо иштироки доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир мешавад.

Рӯзҳои синамои Узбекистон 16 апрел, соати 17:00 дар кинотеатри «Наврӯз» бо намоиши филми ҳунарии «Абдулло Орифов» оғоз мегарданд.


Ҳамзамон дар ин давра ҷаласаи комиссияи муштараки синамогарони Тоҷикистон ва Узбекистон доир ба таҳияи филмномаи филми ҳунарии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» доир гардида, филмнома мавриди таҳриру таҳлили пурра қарор дода мешавад.

Инчунин дар доираи Рӯзҳои синамои Узбекистон 17 апрел, соати 11:00 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода мешавад.

18 апрел, соати 10:00 дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор филми ҳунарии «Судя» ба алоқамандони синамо манзур мегардад.

19 апрел,  соати 11:00 дар шаҳри Ваҳдат филми ҳунарии «Абдулло Орифов» ба намоиш гузошта мешавад.

Рӯзҳои синамои Узбекистон 19 апрел, соати 18:00 дар кинотеатри «Ватан» бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод ҳамсар!» анҷом меёбанд.

Ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе ва маконҳои зебою дилпазири шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзобро тамошо менамояд.

Рӯзҳои синамои Узбекистон ба рушди  минбаъдаи ҳамкории синамогарони тоҷику узбек заминаи мусоид гузошта, дӯстии  ду миллати ҳамҷаворро боз ҳам таҳким мебахшад.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Апрель 15, 2024 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд