Дар вилояти Суғд шумораи корхонаҳои истеҳсоли равған меафзояд

Апрель 13, 2024 16:44

ДУШАНБЕ, 13.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд 37 корхонаи истеҳсоли равған фаъолият дошта, соли 2023 онҳо 21,6 фоизи равғани растании ҷумҳуриро истеҳсол кардаанд. Ифтитоҳи боз як корхонаи нави истеҳсоли равғани растанӣ дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» дар Минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд ҳаҷми истеҳсолотро афзоиш дода, таъминоти аҳолиро бо равғани худӣ боз ҳам беҳтар мегардонад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ёдовар мешавем, ки 11 апрели соли равон бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равған мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки ба истеҳсоли равғани пахта ва офтобпараст машғул буда, дар як сол иқтидор дорад то 18 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол намояд. Дар навбати аввал маҳсулоти ниҳоии корхона ба қонеъсозии эҳтиёҷоти бозори дохилӣ ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона гардида, дар оянда содироти он низ дар назар дошта шудааст.

Корхонаи нав имконият дорад дар як шабонарӯз беш аз 50 тонна чигит, донаи офтобпараст ва рапсро коркард намуда, аз он маҳсулоти ниҳоии аълосифат истеҳсолу пешниҳоди харидорон намояд.

Корхонаи нав бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва воридотӣ фаъолият менамояд. Хосса барои истеҳсоли равғани пахта чигит асосан аз дохили мамлакат дастрас мегардад, ки ин тасмим ба коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ дар дохил ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он бо тамғаи «Истеҳсоли Тоҷикистон» мусоидат менамояд.

Маҳсулоти ниҳоии корхона дар зарфҳои гуногуни пластикӣ басту банд гардида, бо шаклу намуди зебои бозоргир пешниҳоди харидорон карда мешавад. Бояд гуфт, ки зарфҳои пластикӣ низ дар шакли маҳсулоти нимтайёр вориди корхона гардида, бо истифода аз дастгоҳҳои муосир барои басту банд дар сехи алоҳида омода карда мешаванд.

Дар маҷмуъ корхонаи нав аз коргоҳҳои хушбӯйкунӣ, басту банд, ширинкунӣ, пресскунӣ ва анбори нигоҳдории маҳсулоти тайёр иборат мебошад.

Хатҳои истеҳсолии корхона аз ширкатҳои маъруфи Олмон, Туркия ва Чин харидориву насб гардида, малакаи кор бо ин дастгоҳҳоро кормандон дар корхонаҳои истеҳсолӣ аз бар намудаанд.

Дар маҷмуъ дар ин корхона 60 сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шуданд.

Партове, ки дар ҷараёни истеҳсолот ба миён меояд, пурра коркард гардида, дар соҳаи кишоварзӣ, хусусан дар бахши чорводорӣ истифода бурда мешавад. Ҳамчунин дар ҳудуд ва атрофи иншооти нав корҳои ободонӣ ва мумфаршкунии роҳҳо сомон дода шудаанд.

Корхона ба хатти алоҳидаи таъмини об, барқ ва системаи марказонидашудаи гармидиҳӣ, ки бо назардошти меъёрҳои экологӣ бунёд ёфтааст, таъмин мебошад.

АКС:  Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 13, 2024 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Неругоҳи барқи обии «Себзор» давоми фаъолият беш аз 21 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз маҳсулоти ширкати «Nestle» бо тамғаи NAN дар марҳилаи муайяншуда истифода набаред!»
Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ тақвият медиҳад
Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад
Дар Ишкошим зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
Дар Панҷакент ҷаласаи Шуро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид
Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара дар 44 гектар ниҳолҳои пистаҳои хушкшуда барқарор гардид
Дар Тоҷикистон раванди ҷорӣ намудани низоми рамзгузории электронии молҳо амалӣ мегардад
Намоишгоҳи «Ихтироъкорон ва навоварони соҳаи нақлиёт» баргузор шуд