Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи илм ва технологияи Шэнсии Чин ҳамкориро тақвият мебахшад

Апрель 29, 2024 12:01

ДУШАНБЕ, 29.04.2024. /АМТИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Вейнани вилояти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарияти Донишгоҳи илм ва технологияи Шэнси мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода вобаста ба зарфияту имконияти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус пойгоҳи муосири омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.

Роҳбарияти Донишгоҳи илм ва технологияи Шэнсии Чин низ оид ба имконият ва шароити таҳсил дар ин донишгоҳ маълумот дода, ҳавасмандиашонро баҳри тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иброз доштанд.

Гуфта шуд, ки донишгоҳ омода аст 30 донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро аз оғози соли таҳсили 2024-2025 дар доираи барномаи табодули академӣ ва омӯзиши забони давлати Чин қабул намояд. Ҳамзамон қабули 15 нафари дигар низ дар доираи табодул дар зинаҳои магистратура ва доктор PhD қобили қабул дониста шуд.

Инчунин роҳбарияти ин донишгоҳ омодагиашро барои ҷалби омӯзгорон барои дарс додан дар ихтисосҳои забони давлати Чин дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иброз намуданд.

Роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон амалисозии нақшаву ҳадафҳои гузоштаро дар доираи қонунгузорӣ қобили қабул ва ба манфиати ҷонибҳо донистанд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Апрель 29, 2024 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон оғоз намуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Зиракии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ-омили муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир
«КИТОБ — БЕҲТАРИН АРМУҒОН». Ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон беш аз 200 китоб тақдим гардид