«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ

Апрель 20, 2024 17:02

ДУШАНБЕ, 20.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахт таҳти унвони «Шаҳри Душанбе- муаррифи фарҳангу тамаддун ва ормонҳои таърихии миллати тоҷик» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар медиҳад.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки ковишҳои археологӣ собит кардаанд, ки пойтахти тоҷикон таърихи қадима дошта, бозёфтҳои ёфтшуда аз чор ноҳияи дар гузашта ба Душанбе мансуббуда- Сариосиё, Шоҳмансур, Қариямиршикор ва Қарияболо далели ин гуфтаҳо мебошанд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода вобаста ба марҳилаҳои таърихӣ ва ободию пешрафти шаҳри Душанбе дар солҳои гуногун маълумоти ҷолибу пурарзиш пешниҳоди ҳозирин намуд.

Хайриддин Усмонзода афзуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти тоҷикон –шаҳри Душанбе Қасри Миллат, Кохи «Наврӯз», Наврӯзгоҳ, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, маҷмааи меъмории «Боғи Ирам» ва даҳҳо коху кушкҳои зебою мунаққаш бунёд шудаанд.

Номбурда илова кард, ки дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт бо талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ гузаргоҳҳои нави зеризаминӣ, эстакадаҳо бунёд шуданд ва ин раванд идома дорад.

Гуфта шуд, ки имрӯз шаҳри сулҳ — Душанбе ба унвони боамнтарин, беҳтарин ва зеботарин пойтахтҳои минтақа ба ҷаҳониён муаррифӣ гардида, ба маркази баргузории конгрессу симпозиум, конференсияву ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ҳамзамон намояндагони кишварҳои дунё аз Осиёву Аврупо, Амрикову Африқо бо назофату тозагӣ, ободӣ, беҳдошту гулкории пойтахтамон шинос гардида, лаб ба ситоишу аҳсант мекушоянд.

Хайриддин Усмонзода боифтихор ёдовар шуд, ки пойтахти азизи мо имрӯз дар ҳама самтҳо густариш меёбаду таҷдид мешавад, ҳашамату ҷалоли тоза касб карда, бо суръат ба як шаҳри модерну замонавӣ мубаддал мегардад.

“Мо набояд фаромӯш кунем, ки дар пушти ин ҳама ободиҳои Душанбе заҳмати шабонарӯзӣ, ҷаҳду талош ва қотеияти роҳбари ҳозираи шаҳрдории муҳтарам Рустами Эмомалӣ ниҳон аст. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷавонии худ ба ин кори бузург, навсозии пойтахти тоҷикон нерӯи ҷавонӣ оварданд. Шаҳри азизи мо ба фардои пурсаодати худ дилпурона бо матонати бемисл, бо ғайрату нерӯи тамом гом мебардорад. Душанбе обод мешавад. Душанбе қабояшро дигар мекунад. Душанбе қад меафрозаду мешукуфад ва сарсабз мешавад. Пойтахти азизи мо ягон вақт бо ин суръат дигаргун нашуда буд”, -илова кард мавсуф.

Дар ҳамоиш ҳамчунин дар мавзуъҳои «Манбаъҳои таърихӣ ва ҳафриётӣ дар бораи Душанбе», «Рушди Душанбе дар даврони қабл аз истиқлол ва марҳалаи имрӯзаи давлатдории миллӣ», «Душанбе- ҳамчун гаҳвораи рушди фарҳанги миллӣ» маърузаҳо пешниҳод шуданд.

Ёдоварӣ шуд, ки тоҷикон аз қадимулайём шаҳрнишин буданд. Кашфиётҳои нодири археологии Саразми панҷуним ҳазорсола, Панҷакенти қадим, Истаравшану Ҳулбук, Ҳисору тахти Сангин, Вомару Каҳқаҳа ва даҳҳо ёдгориҳои дигари меъмории асрҳои пешин ба ин гувоҳ ҳастанд.

Зимни маърузаҳо оид ба манбаъҳои таърихӣ ва ҳафриётӣ, маскан баргузидани мардум дар гузашта дар маҳалҳои Душанбеи қадим, чор ноҳияи дар гузашта мансуб ба Душанбе: Сариосиё, Шоҳмансур, Қариямиршикор ва Қарияболо андешаҳои ҷолиб гуфта шуд.

АКС аз Маркази тадқиқоти стратегӣ

Апрель 20, 2024 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад
Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт
494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд