ФАРЗАНДОНРО БА РОҲИ РОСТ ҲИДОЯТ НАМОЕМ! Имрӯз барои илму дониш омӯхтан ва соҳибкасб гардидани онҳо тамоми шароит муҳайё гардидааст

Апрель 18, 2024 08:54

ДУШАНБЕ, 18.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ ҳисобида, мунтазам барои рушду нумуи он тадбирҳо меандешад. Ба унвони АМИТ «Ховар» муроҷиатномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон расидааст, ки дар он омадааст:

«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 маротибаи  дигар бо ишора ба ин нукта иброз намуданд, ки «рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».

Маҳз бо саъю талошҳои ҳамешагии Президенти маҳбубамон имрӯз мо соҳиби Ватани ободу озод, аъзои созмонҳои байналмилалӣ ва дар қатори дигар давлатҳо дар Созмони Милали Муттаҳид соҳиби як овоз ҳастем. Ин мояи ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Заҳматҳои Пешвои миллат дар тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат назаррас буда, бо иҷрои дастуру супоришҳояшон имрӯз тоҷикистониён ба сӯйи фардои дурахшон гомҳои устувор мегузоранд.

Дар чунин шароити мусоид, падарону модарони азиз, мо вазифадорем, ки барои ҳидоят намудани фарзандонамон ба роҳи дурусти зиндагӣ саъю талош намоем. Аз ин рӯ, ба шумо муроҷиат карда, таъкид менамоем, ки агар мо хоҳем фарзандонамон номбардори ин марзу бум, ҳимоятгари сарзамини муқаддас, истиқлолу озодӣ ва ободгари ин Ватани аҷдодиамон бошанд, бояд онҳоро дуруст тарбия намоем, ба роҳи рост ҳидоят созем, илм ва касб омӯзонем. Танҳо тавассути босаводу худогоҳ сохтани фарзандонамон мо метавонем аз худ номи нек ба ёдгор гузорем».

Дар муроҷиатнома ҳамчунин гуфта шудааст, ки Пешвои муаззами миллат ҳамеша дар фикри тарбияи дурусти фарзандон, илмдӯсту донишманд ва соҳибкасб гардидани онҳо мебошанд ва ин нуктаро зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ  9 март чунин таъкид доштанд: «Мову шумо фарзандро барои он ба дунё оварда, ба камол мерасонем, ки дар аёми пирӣ дастгирамон гардад… Пас, биёед фарзандонамонро тарбия намоем, илм омӯзонем, китобхон кунем ва соҳибкасб гардонем, ки дар зиндагии ояндаи худ азият накашанд, роҳгум назананд, дастёр ва ғамхори падару модар бошанд».

Имрӯз барои илму дониш омӯхтан ва соҳибкасб гардидани фарзандон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Бо мақсади назорат намудани раванди таълиму тарбия ва соҳибкасб гардидани шаҳрвандон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2023 Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар айни замон дар назди ин кумита 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо аз рӯйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва касбҳои  коргарӣ омода карда мешаванд.

Хотиррасон менамоем, ки бо мақсади минбаъд пурра ба донишомӯзӣ фаро гирифтани хонандагон ба қонунгузории соҳаи маориф тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки дар асоси он таҳсили миёнаи умумӣ ҳатмӣ гардид. Хонандагони синфи 9 метавонанд тибқи хоҳиши худ таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ё муассисаҳои таҳсилоти  ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ идома диҳанд.

Аз ин рӯ, ба шумо, хонандагони азиз, муроҷиат намуда, таъкид менамоем, ки агар хоҳед дар оянда соҳиби касбу ҳунар ва шуғли муайян гардед, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро интихоб намоед. Ҳоло барои таълиму тарбия пояи моддию техникӣ ва кадрии аксарияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мустаҳкам гардида, синфхонаву озмоишгоҳҳо бо компютер, проектор, тахтаҳои электронӣ, воситаҳои аёнӣ, устохонаҳои муҷаҳҳаз  ва дигар таҷҳизоти зарурии таълимии замонавӣ таъмин шудаанд.

Имрӯз давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши касбҳои коргарӣ ва дар ин замина соҳибкасб гардонидани аҳолии мамлакат тадбирҳои амалӣ андешида, корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Зимни ҳар суханрониашон Пешвои миллат барои ҳарчи бештар дар дохили ҷумҳурӣ бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон таъкид менамоянд ва ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Зимни сафарҳо Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даҳҳо корхонаву коргоҳҳо, мактабу боғчаҳо ва марказҳои ҳунармандӣ, аз ҷумла дӯзандагию бофандагӣ ба истифода медиҳанд, ки ҳазорҳо ҷойи нави кор доранд. Ҳамзамон бояд хотиррасон намоем, ки давоми чанд соли охир зиёда аз 1 миллион ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд, ки ин ҳама нишони он аст, ки сол ба сол мушкилоти ба кор таъмин намудани шаҳрвандон, махсусан ҷавонон бартараф мешавад.

Аз ин рӯ, вазифаи аввалиндараҷаи падару модарон ин аст, ки фарзандонамонро ба роҳи рост ҳидоят намоем, соҳибкасб намоем ва барои кор ба ҷойҳои навтаъсис ҷалб намоем. Маҳз бо ин роҳ мо метавонем Ватанамонро обод созем ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем. Ҳадафу мароми давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фардои дурахшони наврасону ҷавонон ва тамоми шаҳрвандони Ватани азизамон равона гардидааст. Аз ин рӯ, барои ташкили ҷойҳои кори нав дар дохили мамлакат ва омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба шаҳрвандон мунтазам тадбирҳо андешида мешавад. Ин нукта дар Паёми Президенти ҷумҳурӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2023 чунин баён гардидааст: «Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имконият барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намуда, барои таъсиси курсҳои таълими касбу ҳунар ва забономӯзии шаҳрвандон тадбирҳои иловагӣ андешем».

Бо назардошти ин, бори дигар аз падару модарон хоҳиш карда мешавад, ки нисбат ба тақдир, зиндагӣ ва фаъолияти ояндаи фарзандонашон бетараф набошанд. Фарзандонро беназорат нагузоред, тарбияи дуруст намоед ва барои омӯхтани илму дониш ва соҳибкасб гардидан раҳнамун созед. Беҳуда Низомии Ганҷавӣ намегӯяд:

Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ,
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.

Апрель 18, 2024 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРБИЯИ ФАРЗАНД-МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ин мавзуъ вохӯрӣ доир шуд
Вобаста ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
МАОРИФ-СОҲАИ АФЗАЛИЯТНОК. Дар ноҳияи Ванҷ ин соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи илм ва технологияи Шэнсии Чин ҳамкориро тақвият мебахшад
Дар шаҳри Ҳисор ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ конференсия баргузор гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо Донишкадаи омӯзгории Узбекистон ва Финландия ҳамкориро густариш медиҳад
Дар шаҳри Норак раванди иҷрои Барномаи ғизои мактабӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо намояндагони донишгоҳҳои Русия омоданамоии мутахассисони соҳа баррасӣ шуд
«Тоҷикистон ва Чин: дар масири шарикии стратегӣ». Таҳти чунин унвон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ба шарафи Рӯзи илми тоҷик қадршиносии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ доир гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд