Гумрукчиён дар вилояти Суғд қочоқи 2,7 тонна маводи дорувориро пешгирӣ намуданд

Апрель 22, 2024 13:36

ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз пешгирии  қочоқи маводи доруворӣ дар ҳаҷми  2,7 тонна дар вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ ва чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс Спринтер», аломати қайди давлатиаш 28-84 МК/02 таҳти идораи ронанда, шаҳрванд Б.М, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд боздошт гардид.

Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили бордони воситаи нақлиёти боздоштгардида маводи дорувории гуногунтамғаи истеҳсоли Русия  ба миқдори 1326 қуттии гуногунҳаҷм бо номгӯи «Кларитромицин CP» 500 мг-198 қуттӣ бо вазни 374,3 кг, «Каптоприл 50 мг»-192 қуттӣ бо вазни 277,92 кг, «Каптоприл 25 мг»- 413 қуттӣ бо вазни 1040 кг, «Протозидим» (цефтазидим) 1.0 гр-45 қуттӣ бо вазни 233,1 кг, «Метформин» 850 мг-38 қуттӣ бо вазни 204,44 кг, «Ципрофлоксацин» 100 мл-440 қуттӣ бо вазни 580,8 кг дарёфт ва мусодира гардид.

Зимни санҷиш муайян гардид, ки маводи доруворӣ ба шаҳрванд З.М. тааллуқ дошта, барои барасмияти гумрукӣ даровардан ягон ҳуҷҷати расмӣ, аз ҷумла декларатсияи бори гумрукӣ ва сертификати мутобиқати сифат надошта, бо мақсади пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ маводи доруворӣ ба таври қочоқ аз  Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Мувофиқи хулосаи сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд,  дар натиҷаи таҳлилу ташхис маълум гардид, ки маводи доруворӣ ба талаботи меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯ буда, вале дорои сертификати мутобиқати сифат нест. Арзиши умумии маводи дорувории боздоштгардида  аз  654 ҳазору 089 сомонӣ то 732 ҳазору  422 сомониро ташкил медиҳад.

Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба шаҳрванд З.М ва дигарон бо аломатҳои моддаи 289, қисми 2,  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба Прокуратураи вилояти Суғд ирсол гардид.

АКС: Хадамоти гумруки назди  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Апрель 22, 2024 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2029 истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70 фоиз коҳиш медиҳад
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи ҳамлу нақл баррасӣ гардид
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид