«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Китобхонаи миллӣ озмуни ҷумҳуриявӣ доир менамояд

Апрель 2, 2024 16:43

ДУШАНБЕ, 02.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023  «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи бехтарини асарҳои Пешвои миллат» омадааст, ки озмун байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор мешавад.

Озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи мактаби давлатдории Пешвои миллат байни қишри ҷавони аҳолии мамлакат, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир мегардад.

Озмун аз ду давр иборат буда, аз моҳи май то октябри соли 2024 ба таври зайл:  даври якум — моҳи май дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ; даври дуюм — ҳафтаи чоруми моҳи сентябр — ҳафтаи якуми моҳи октябр барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври якум дар Китобхонаи миллӣ ташкил ва гузаронида мешавад.

Шартҳои иштирок дар озмун чунин мебошанд: дар озмун донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (магистр ва бакалавр) иштирок карда метавонанд;  шартҳои ташкил ва баргузории озмун аз ҷониби Комиссияи озмун назорат карда мешавад; дар вақти холгузорӣ ба савияи дониши довталабон ва баёни мантиқии муҳтавои асарҳои Пешвои миллат ва амалӣ гардидани рўйдодҳои фараҳбахши миллӣ, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайвастаанд, бартарӣ дода мешавад; озмун бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ баргузор мегардад.

Ҷойи якум ба иштирокдоре дода мешавад, ки беш аз 90 фоизи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа ва ҳифз намудааст.

Ғолибони даври дуюм (ҷойҳои 1, 2, 3) баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаашон барои идомаи таҳсил, зинаи магистратура ва маълумоти дуюми олӣ ба муҳлати се сол, бе супоридани имтиҳон тибқи тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон ба тариқи ройгон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои касбии баъд аз муассисаи олии таълимии мамлакат қабул мешаванд.

Мукофотҳои пулӣ барои ғолибони озмун ба таври зерин:

барои ҷойҳои якум  – 20 000 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон);

— барои ҷойҳои дуюм – 15 000 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон);

— барои ҷойҳои сеюм (ду ҷой ба ҳар кадом гурӯҳ) – 7 500 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон) муқаррар мешаванд.

София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Апрель 2, 2024 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд