Иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон ба Тоҷикистон омаданд
ДУШАНБЕ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз иштирокдорони Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон таҳти роҳбарии муовини аввали Вазири фарҳанги Туркманистон Нурсахад Ширимов ба Тоҷикистон омаданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги мамлакат хабар медиҳад.
Дар доираи рӯзҳои фарҳангӣ мулоқоти роҳбарияти вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Туркманистон пешбинӣ шудааст.
Тибқи барнома, ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ва консерти устодони санъати Туркманистон 3 апрел, соати 16:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. Ҳамчунин дар ҳошияи ин рӯзҳо 4 апрел, соати 10:00 ифтитоҳи намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.
Дар идомаи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон 4 апрел барномаи муштараки консертии устодони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон – «Шоми дӯстӣ» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» доир мегардад.
Иштирокчиёни рӯзи 5 апрел ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, барномаҳои фарҳангӣ баргузор менамоянд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд






