Кишоварзони шаҳри Турсунзода зиёда аз 370 тонна маҳсулоти барвақтии гармхонаҳоро ба аҳолӣ пешниҳод намуданд

Апрель 25, 2024 08:26

ТУРСУНЗОДА, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Турсунзода барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат дар се моҳи имсол аз ҳисоби майдони гармхонаҳое, ки дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигӣ ташкил гардидаанд, 86 тонна помидор, 205 тонна бодиринг ва 80 тонна дигар маҳсулоти барвақтӣ истеҳсол намуда, ба бозорҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд. Дар ин хусус муовини сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Турсунзода Абдукарим Файзуллоев ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Тибқи маълумоти фаврӣ, майдонии умумии гармхонаҳои шаҳри Турсунзода дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 69,34 гектарро ташкил медиҳад, ки дар айни замон пурра кишт шуда, бозорҳои шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказро бо маҳсулоти тару тоза таъмин доранд. Дар баробари гармхонаҳо дар ин давра кишоварзони шаҳри Турсунзода боз 427 гектар кишти зериплёнкагӣ гузарониданд. Аз ин шумора дар 185 гектар бодиринг, дар 199 гектар помидор ва дар 43 гектар дигар намуди сабзавот кишт намуда, ҳоло ба ҷамъоварию содироти маҳсулоти барвақтӣ машғул мебошанд.

Бояд гуфт, ки кишоварзони шаҳри Турсунзода дар пур намудани бозорҳои шаҳри Душанбе ва паст намудани қимати маҳсулоти барвақтӣ, аз қабили помидор, бодиринг, булғорӣ, боимҷон, карам, гулкарам ва дигар намуди сабзавот саҳми асосӣ доранд.

Раиси хоҷагии деҳқонии «Баракат-2012» Рустамбек Юсупов иброз намуд, ки «дар майдони 60 сотих гармхона бунёд намуда, дар он помидору бодиринг кишт намудем. Барои хуб парвариш гардидани онҳо ва бо гармӣ таъмин намудани гармхона давоми сол 100 тонна ангишт хароҷот карда шуд. Ҳамчунин навъҳои беҳтарини тухмии помидору бодирингро аз ҷумҳурии Узбекистон ворид кардем. Дар айни замон ҳосили бодирингу помидор хуб аст ва чинак гузаронида истодаем, вале мушкилии асосии мо хушкшавии помидор мебошад, ки барои пешгирии ин ҳолат чорае намеёбем. Беҳтарин заҳрхимикатҳоро аз ҷумҳурӣ ва берун аз он истифода мебарем, мутаассифона, он барои бартараф гардидани ин бемории помидор таъсир намерасонад. Агар помидор хушк нагардад, мо ҳосили баланд гирифта, хароҷоти кардаамонро пӯшонида, боз фоидаи хуб мегирем».

Мувофиқи маълумоти фаврӣ, кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 11 452 гектар кишти зироат гузаронидаанд, ки аз ин 4852 гектар кишти тирамоҳӣ ва 6600 гектар кишти баҳорӣ мебошад. Дар ин давра аз заминҳои умумии киштшуда 8103 гектар ғаладонагӣ, 65 гектар лӯбиёгӣ, 1837 гектар сабзавот, 401 гектар картошка, 30 гектар полезӣ, 416 гектар зироати техникӣ ва 600 гектар хӯроки кишт мебошад.

Дар айни замон озуқадиҳии зироат идома дошта, то ин давра дар майдони зиёда аз 9166 гектар зироати кишоварзӣ ва дар 5608 гектар боғу токзор озуқадиҳӣ гузаронида шудааст.

Дар зер суратгузориш аз гармхонаҳои шаҳри Турсунзода манзур мешавад.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 25, 2024 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид