МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд

Апрель 17, 2024 08:54

ДУШАНБЕ, 17.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Табибони тоҷик  усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро бе буриш амалӣ намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, табибони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳа аз Ҷумҳурии Қазоқистон нахустин маротиба  амалиёти ҷарроҳии эндоскопӣ гузарониданд. Чунин усули ҷарроҳӣ  бе буриши пӯст буда, пардаи зери луобиро кушода, мушакҳое, ки қисми гузариши сурхрӯда ва меъдаро маҳкам кардаанд, онҳоро бурида, қисми луобии сурхрӯдаро бо клипсҳо маҳкам мекунанд.

Ҳангоми чунин беморӣ қисми гузариши сурхрӯда ва меъда танг шуда, бемор аз хӯрокхӯрӣ мемонад. Дар ин ҳолат ҳангоми хӯрокхӯрӣ дар бемор аломатҳои қайкунӣ ба амал меоянд.

Қаблан ин гуна амалиёти ҷарроҳӣ бо усули анъанавӣ, яъне буридани 15-16 см ҷисми бемор гузаронида мешуд, ки ин ҳолат, албатта, муддати бистаришавӣ ва табобати беморонро низ дароз мекард.

Пештар ҳангоми чунин амалиёти ҷарроҳии бо буриш бемор давоми 10-12 шабонарӯз дар беморхона бистарӣ мегардид. Акнун бо ин усули нави ҷарроҳӣ беморон метавонанд пас аз 1 рӯзи амалиёти ҷарроҳӣ аз беморхона рухсат шуда, ба истеъмоли хӯрок оғоз намоянд.

Табибони марказ давоми як сол дар Ҷумҳурии Қазоқистон вобаста ба омӯхтани ин намуд амалиёти ҷарроҳӣ дар муассисаҳои тандурустии он ҷо донишу таҷрибаи хешро такмил додаанд.

Дар маҷмуъ, се сол мешавад, ки табибони марказ бе буриш аз даҳон 8 намуд амалиёти ҷарроҳиро бо истифода аз таҷҳизоти муосири тиббӣ амалӣ намудаанд.

Дар амал ҷорӣ намудани боз як амалиёти нави ҷарроҳӣ дар соҳаи тибби мамлакат бори дигар нишони он аст, ки давлату Ҳукумати мамлакат ба ин соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баҳри фаъолияти кормандони соҳа тамоми шароит ва имконоти мусоидро фароҳам овардааст.

Гуфта мешавад, ки ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, имрӯзҳо табибони мамлакат бо истифода аз шароит ва имконоти мусоиди фароҳамгардида дар соҳаи тибби мамлакат усулҳои нави ҷарроҳиро дар амал иҷро менамоянд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 17, 2024 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд