Масъулини вилояти Суғд баҳри ҳалли мушкилоти пойгоҳҳои обкашӣ ва норасоии обёрии замин вазифадор гардиданд

Апрель 11, 2024 11:42

ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 аз сабаби мушкилоти пойгоҳҳои обкашӣ ва норасоии обёрии заминҳо дар бахши хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилояти Суғд кишти пахта нисбат ба соли 2022  9 ҳазор гектар ва кишти картошка 2,3 ҳазор гектар таъмин нагардид. Дар ин хусус зимни машварати кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд, ки 10 апрели соли равон дар шаҳри Гулистон доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Аз ин лиҳоз, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар вазорату идораҳо вазифадор гардиданд, ки барои ислоҳи камбудиҳои соли сипаригардида чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки ҷиҳати оқилонаву самаранок истифода гардидани заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ, гузаронидани кишти такрорӣ, захира намудани маводи ғизоӣ ва омодагии ҳамаҷониба барои давраи тирамоҳу зимистон корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ васеъ ба роҳ монанд.

Сарвари давлат  иброз доштанд, ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки давоми ду-се соли охир дар вилоят сохтори кишти зироат риоя нагардида, дар заминҳои обӣ тамоюли зиёд кишт гардидани гандум ва юнучқа ба назар мерасад.

«Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки бо мақсади таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ кишти зироати баҳориро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом дода, риояи таркиби сохтори кишт ва иҷрои нишондиҳандаҳои дурнаморо таъмин созанд»,- таъкид намуданд  Президенти мамлакат.

Ҳамчунин роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин тадбирҳои қатъӣ андешанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 11, 2024 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд