«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар ноҳияи Дарвоз се оила сазовори ҷойҳои намоён шуданд

Апрель 11, 2024 17:58

ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2023 оид ба «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024» ва баҳри густариши фарҳанг ва маърифати оиладорӣ дар ноҳияи Дарвоз тибқи низомнома озмуни ноҳиявии «Оилаи намунавӣ» доир шуд. Дар он се оила: оилаи Зайдулло Абдуллоев, Давлаткалон Бачакалонов ва Нуралӣ Вазиров иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз хабар медиҳад.

Зимни баргузории озмун намояндаи бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз иброз намуд, ки «дар замони муосир оила ҳамчун зинаи аввали бунёди ҷомеа беш аз пеш аҳамияти хоссаро соҳиб мегардад. Оилаи солим метавонад ҳастии миллатро таъмин намуда, онро ҳамчун миллати солиму устувор ва ояндадор рушд бахшад. Бо ин мақсад моро зарур аст, ки барои мустаҳкам нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон роҳнамои зиндагии онҳо бошем».

Дар ҷараёни озмун бо оилаҳои намунавӣ саволу ҷавоб доир шуда, онҳо андешаҳояшонро иброз доштанд.

Дар охир ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуда, барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид.

Ёдовар мешавем, ки озмун бо мақсади тақвияти мақом ва нақши оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ баргузор мегардад.

Вобаста ба ин Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ»-ро дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва тасдиқ намудааст.

Озмун дар се давр гузаронида мешавад. Даври якуми озмун дар сатҳи маҳал, шаҳру ноҳияҳо бо муайян намудани оилаи намунавӣ аз маҳалла, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳияҳо аз 10 то 27 апрели соли 2024 баргузор мегардад.

Даври дуюми озмун дар сатҳи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 29 апрел то 4 майи соли 2024 гузаронида мешавад.

Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ аз маросими ҷоизасупорӣ иборат буда, шанбеи дуюми моҳи май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ғолибони озмун аз рӯи меъёрҳои зерин: ҳамчун оилаи намунавӣ дар маҳалли зист, солимии оила дар муносибатҳои оилавӣ ва тарбияи дурусти саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак, маҳалла, деҳот ва ҷамоат; иштироки аъзои хонавода дар корҳои ҷамъиятӣ ва фардӣ, нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, шароити мусоиди муҳайёгардида барои таълиму тадриси фарзандон, забондонӣ ва иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳурӣ, барномаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ; ҷалби фарзандон ба хизмати Ватан-Модар ва саҳми оила дар пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа муайян мегарданд.

Ғолибони озмун бо мукофотҳо, дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3 мукофотонида шуда, ҳамзамон шахсони ташаббускоре, ки дар озмун иштироки фаолона доштанд, бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Апрель 11, 2024 17:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаш минтақаи Тоҷикистон сел ба амал омад
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун доир мешавад
Рамзи Соли маърифати ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуд
Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар Рашт вохӯрии судманд доир гардид
Одатҳои бад яке аз омилҳои сар задани бемории саратон мебошад
Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад