Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд

Апрель 25, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Обу иқлим ба ҳам таъсири мутақобила дошта, ба беҳтар шудани ҳолати иҷтимоию иқтисодии мардум мусоидат менамоянд. Ташаккул ва мавҷудияти об ба пастшавии ҳарорати атмосфера, сабзу хуррам гардидани муҳити атроф, зиёд шудани маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ, пешравии истеҳсолоти саноатӣ ва энергетика мусоидат менамояд. Ҳолати гармшавии иқлим  ба обшавии пиряхҳо, камшавии захираҳои оби тоза,  афзоиши селу обхезиҳо, биёбоншавӣ, пайдоиши муҳоҷирони экологӣ ва дар маҷмуъ хисороти зиёди  иҷтимоию иқтисодӣ   оварда мерасонад. Аз ин лиҳоз, ҳифзи пиряхҳо, ки яке аз объектҳои муҳити зист ва манбаи стратегии захираҳои об дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, дар шароити ҷаҳонишавӣ замина барои ҳифзи муҳити солим мебошад. Дар ин хусус мушовири калони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Комрон Ҷамшедзода ба АМИТ «Ховар» андешаҳояшро иброз намуд.

— Дар шароити ҷаҳонишавӣ на танҳо давлатҳои алоҳида, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла обшавии пиряхҳо, ки манбаи асосии оби ошомиданӣ ба ҳисоб меравад,  диққати махсус зоҳир намояд.

Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ собит намудаанд, ки ба ҳалли мушкилоти мавҷудаи экологӣ бо мақсади устувории экологӣ танҳо бо кӯшишҳои як давлати алоҳида ноил шудан ғайриимкон аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлӣ ба ҳалли ин масъалаи мубрами ҷаҳонӣ, ки ба беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳдоштию экологии мардуми сайёра равона карда шудааст, эътибори ҷиддӣ дода, баҳри рафъи он тадбирҳои мушаххас ва ташаббусҳои бузурги байналмилалиро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, дар асоси ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид қатъномаҳои махсус қабул намуд, ки мувофиқи онҳо соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005 – 2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва солҳои 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»  эълон гардиданд. Ин ташаббусҳо нишони он ҳастанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳон дар ҳалли мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ бетараф набуда, пайваста барои ҳалли мушкилоти мавҷудаи экологӣ дар минтақа ва ҷаҳон чораҳои дахлдорро амалӣ менамояд.

Ҳоло тағйирёбии иқлим дар мамлакат эҳсос мегардад, махсусан гармшавии иқлим, ки асоси обшавии пиряхҳо мебошад, метавонад зарари иқтисодию иҷтимоии зиёд расонад.

Вобаста ба ин масъала дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 таъкид шудааст: «Давоми чанд даҳсолаи охир дар мамлакати мо қариб сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳо аз байн рафт, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз он ташкил карда мешавад. Бо назардошти ин мамлакати мо дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалӣ барои эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таҷлил намудани Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо саъй дорад. Дар робита ба тағйирёбии иқлим, бесобиқа боло рафтани ҳарорати миёнаи сайёраи Замин ва оқибатҳои манфии ҳаёти инсон, олами набототу ҳайвонот ва пиряхҳои мамлакат олимони моро зарур аст, ки дар ин минтақаҳо якҷоя бо олимон таҳқиқот ва мониторинги доимӣ гузаронанд».

Бинобар тағйирёбии иқлим дар сайёра барои пешгирии оқибатҳо барои ҳаёти инсон, олами набототу ҳайвонот ва пиряхҳои мамлакат зарур аст, ки аз ҷониби олимони соҳа таҳқиқоти илмии бештар анҷом дода шаванд. Зеро пешгирии тағйирёбии иқлимро танҳо тавассути таҳқиқоти илмӣ ва бо роҳи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии экологии шаҳрвандон амалӣ намудан имконпазир аст.

Барои тоҷикон мояи сарфарозӣ аст, ки дар Иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, ки 14 декабри соли 2022 баргузор гардид, пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарафдории давлати аъзои СММ  ҷонибдорӣ ёфта, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва  21 март Рӯзи байналмилалии пиряхҳо эълон гардид. Инчунин дар ин ҷаласа дар назди ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ Фонди боэътимоди махсус барои ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Тарафдории ташаббусҳои инсондӯстона ва созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои вобаста ба об ва иқлим баланд рафтани обрӯву нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ нишон медиҳад.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об дар ҷаҳон ҳамчун давлати пешоҳанг ва ташаббускор эътироф гардид. Ин иқдом зери таваҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои пешгирӣ ва ҳифз намудани пиряхҳо дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Масалан, дар ин муддат дар асоси ташаббусҳои номбурда дар Тоҷикистон платформаҳое ташкил карда шуданд, ки дар онҳо масъалаҳои марбут ба об баррасӣ шуда, бо истифода аз таҷрибаҳои  ҷаҳонӣ то як андоза ҳалли худро ёфтанд.

Бояд гуфт, ки оқибатҳои тағйирёбии иқлим махсусан ба соҳаи кишоварзии мамлакат, ки яке аз соҳаҳои калидӣ ба ҳисоб рафта, таъмини амнияти озуқавории  мамлакат аз ин соҳа вобаста аст, таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷумла, норасоии об барои обёрии зироати кишоварзӣ ва обтаъминкунии кишоварзӣ, хушкӣ, шӯршавӣ ва бадшавии ҳолати мелиоративии замин, пастшавии ҳосили зироат бо сабаби шиддатнокии баланди радиатсияи Офтоб, гармии аз ҳад зиёд, авҷ гирифтани ҳашароти зараррасон, ки баъзан зироатро пурра нобуд мекунанд, аз аз пайомадҳои ногувори ин ҳолат мебошад ва чунин ҳолатҳо аллакай дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон мушоҳида мегарданд.

Зарурати ҳифзи пиряхҳоро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ҳанӯз дар ҷаласаҳои қаблии Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуда буданд, ки  бинобар тағйирёбии иқлим ва ба ҳисоби миёна то 1 0С гарм шудани ҳарорати миёнаи солона пиряхҳо бошиддат об шуда, захираи оби тоза дар сайёра, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол ба сол кам мешавад.

Бо назардошти ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи пиряхҳо ҳамчун манбаи захираҳои об дар ҷумҳурӣ моро зарур аст, ки ҳамчун мардуми давлати ташаббускор тамоми чорабиниҳои нақшавиро ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем, то ки онҳо баҳри рушди устувор самараи дилхоҳ диҳанд ва дар ҷомеаи муосир мақому манзалати сазовор пайдо намоянд.

Инчунин дар заминаи пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 77-уми Созмони Милали Муттаҳид марбут ба ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби мақоми олии қонунгузории мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо»  аз  3 январи соли 2024 қабул гардид, ки мақсад аз қабули он муайян намудани асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи пиряхҳо ҳамчун объектҳои муҳити табиӣ барои ба роҳ мондани корҳои омӯзишӣ, илмию таҳқиқотӣ, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад ва пешбурди сиёсати давлатӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳоро ба таври мушаххас пешбинӣ менамояд.

Тавре мушоҳида мешавад, қабули қонун падидаи илмӣ ва амалии мураккаб буда, паҳлуҳои зиёд дорад. Илова бар ин, дар замони муосир  зарурати таҳқиқи илмии ҳифзи экология, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, ки боиси обшавии пиряхҳо гардидааст, дар робита бо падидаҳои нави илмӣ дар низоми қонунгузорӣ эҳсос мегардад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо», пеш аз ҳама, нишони он аст, ки давлат барои ҳифзи пиряхҳо манфиатдор мебошад. Мутобиқи моддаи 5-и ин қонун пиряхҳо моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат ҳифзи онҳоро кафолат медиҳад.

Мутобиқи муқаррароти қонуни амалкунанда, сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо маҷмуи тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангию маърифатиро дар бар мегирад. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ҳамчун манбаъҳои стратегии захираҳои об барои манфиатҳои аҳолӣ, соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини тавозуни устувори экологӣ, нигоҳдории макони зисти намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи олами наботот ва ҳайвонот равона карда шудааст.

Дар ҳаёти имрӯза ҷаҳонишавӣ ба инкишофи қонунгузорӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Масъалаи экология яке аз масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ буда, ин муносибат, аз ҷумлаи робитаи байни давлатҳо бе сарҳади давлатӣ, ҷуғрофӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ривоҷ меёбад. Бо ин мақсад олимони моро зарур аст, ки дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ бо олимону мутахассисони хориҷӣ ҳамкориро барои рушди соҳа ба роҳ монда, корҳои илмию амалӣ  анҷом диҳанд. Инчунин ба қонунгузорӣ, ки воситаи асосии танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад, бо мақсади ҷаҳонишавӣ таклифу пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» бо мақсади илман асоснок намудани обшавии раванди пиряхҳо ва пешгирӣ кардани онҳо ба масаъалаи таҳқиқоти илмӣ ва мониторинги пиряхҳо меъёри муайяни танзимкунанда муқаррар гардидааст. Мутобиқи он, таҳқиқоти илмии пиряхҳо аз ҷониби муассисаҳои илмии таҳқиқотӣ амалӣ карда мешавад. Инчунин таҳқиқоти илмӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо бо назардошти таъсири тағйирёбии иқлим дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии минтақавӣ ва байналмилалӣ низ танзим гардидааст.

Тағйирёбии иқлим яке аз масъалаҳои ҳалталаби замони муосир буда, донишҳои махсуси илмӣ талаб менамояд. Аз ин лиҳоз, ин вазъият таваҷҷуҳи махсусро тақозо мекунад, зеро таъсири он ба захираҳои об, махсусан ба пиряхҳо хеле равшан ва ташвишовар гардидааст. Бо ин мақсад қабули қонун саривақтӣ буда, бо эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии экологии шаҳрвандон дар ҷумҳурӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ байни муасиссаҳои илмӣ  заминаи ҳуқуқӣ гузошта мешавад.

Дар асоси таҳқиқи пиряхҳо ҳамчун объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об ба хулосае омадан мумкин аст, ки тағйирёбии иқлим дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошта, таҳқиқоти илмии асоснок ва қабули санадҳои қонунгузории танзимкунандаи минтақавӣ ва байналмилалиро тақозо менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 25, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Пагоҳ Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
28 декабр ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад
Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон як зумра лоиҳаи қонунҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
28 декабр ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегар­дад
Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
28 декабр ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегар­дад
Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
27 декабр иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад