Президенти Тоҷикистон: «Идҳои Рамазон ва Қурбон тӯй нестанд, балки маросими сирф маънавӣ мебошанд»
ДУШАНБЕ, 10.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки яке аз хусусияти қонуни миллии мо дар бораи танзими расму ойинҳо ҷанбаи маънавии он мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» омадааст, ки мардум дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ороста, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки оростани «дастархони маънавӣ» – анҷом додани корҳои хайр, аз ҷумла зиёрати падару модар, хешу ақрабо, аёдати азодорон, дуову фотиҳа ба руҳи гузаштагон, насиҳати фарзандон ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани ҷавонону наврасон аст, ки аз анъанаҳои неку писандидаи мардуми мо ба ҳисоб меравад.
«Фаромӯш набояд кард, ки идҳои Рамазон ва Қурбон тӯй нестанд, балки як маросими сирф маънавӣ, яъне аёдат, зиёрат, гиромидошти хотираи гузаштагон, дар ҳаққи онҳо дуо кардан ва ба ҷо овардани шукронаи оромиву осоиш ва сулҳу суботи мамлакатамон мебошанд», — изҳор намуданд Сарвари давлат.
Президенти мамлакат аз падару модарон даъват намуданд, ки ба ҷойи оростани дастархони исрофкоронаи рӯзи ид, яъне ба ҷойи харҷу исрофи намоишкоронаи якрӯза бояд дар фикри он бошанд, ки ҳар рӯз барои аҳли оила ва фарзандонашон фазои идона муҳайё созанд, то онҳо эҳсос намоянд, ки ҳар рӯз барояшон ид аст.
«Аслан мо – мардуми Тоҷикистон – халқи серфарзанд ҳастем, хешу табори зиёд дорем ва доим аз ҳолу аҳволи ҳамдигар бохабар шудан одати деринаи миллии мо мебошад, — тазаккур доданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. — Ҳар оила дар як сол то 10 – 12 маротиба хешу табор ва пайвандонашро меҳмондорӣ мекунад. Бо риояи одобу анъанаҳои миллии тоҷикона меҳмоннавозӣ кардани онҳо барои мо кори савоб ва дорои хайру воҷиботи бештар нисбат ба оростани дастурхони идона ба ҳисоб меравад».
АКС аз бойгонӣ








ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 6260 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд






