Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бо фаъолияти коргоҳи истеҳсоли «Ванадий»-и Коргоҳи фаръии «Истеҳсоли гидрометаллургӣ» шинос шуданд

Апрель 9, 2024 10:53

ДУШАНБЕ, 09.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, дар коргоҳи истеҳсоли «Ванадий»-и Коргоҳи фаръии «Истеҳсоли гидрометаллургӣ» бо хатти истеҳсолӣ пас аз анҷоми корҳои навсозӣ ва барқарорсозӣ шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки коргоҳи мазкур аз солҳои 80-ум инҷониб бе кор буд ва пас аз танаффуси тӯлонӣ хатти аввали истеҳсолии коргоҳ дар доираи амалӣ намудани иқдом барои рушди соҳаи саноат ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронида пурра навсозӣ гардида, дар он истеҳсоли “Поливанадати аммоний” ва “Панҷоксидаи ванадий” ба роҳ монда шудааст.

Коргоҳ иқтидор дорад, ки дар як сол то 200 тонна маҳсулот истеҳсол намуда, ба бозорҳои ҷаҳонӣ пешниҳод намояд. Маҳсулоти истеҳсолшуда таъйиноти содиротӣ дошта, ба Федератсияи Русия, кишварҳои Аврупо ва Ҷумҳурии Узбекистон содирот мешавад ва ин таҷрибаи нахустин ба ҳисоб меравад.

Коргоҳ дар асоси ашёи хоми воридотӣ фаъолият намуда, ҳамкорӣ бо корхонаҳои азими Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Узбекистон барои дастрас намудани ашёи хом ба роҳ монда шудааст.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти ниҳоии коргоҳ серхаридор буда, “Ванадий” барои мустаҳкамсозии таркиби металл, тобовар намудани он ба гармиву сардии аз меъёр зиёд ва дар саноати истеҳсоли рангҳои ороишӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Хатти истеҳсолии коргоҳ дар асоси технологияи ватанӣ ва аз Федератсияи Русия бо ҷалби сармояи дохилӣ пурра навсозӣ шуда, сифати баланди маҳсулотро мутобиқи талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ таъмин менамояд.

Барои истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ашёи хом аз 10 марҳилаи коркард гузашта, сипас дар доираи стандартҳои ҷории байналмилалӣ маҳсулоти ниҳоӣ истеҳсол мешавад ва назорати сифати он низ бо ҷалби мутахассисони баландтаҷриба гузаронида мешавад.

Дар маҷмуъ, дар коргоҳи истеҳсолӣ 60 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кор гардида, бо маоши хуб таъмин шудаанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар марҳилаҳои баъдии барқарорсозӣ шумораи кормандон ба 150 нафар расонида мешавад. Ҳамчунин иқтидори истеҳсолии коргоҳ низ бо таҷдид гардидани дигар хаттҳои истеҳсолӣ солҳои оянда боз ҳам баландтар хоҳад гашт.

Ба кор шуруъ кардани хати истеҳсолӣ идомаи тадбирҳо дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ, афзоиш додани номгӯи маҳсулоти саноатии дар дохили мамлакат истеҳсолшаванда ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дорои таъйиноти содиротӣ буда, натиҷаи татбиқи босамари нақшаҳои Солҳои рушди саноат маҳсуб мешавад.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо дурнамои рушди Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” шинос гардиданд.

Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат корхона ҳадаф дорад марҳила ба марҳила иқтидорашро барқарор намуда, истеҳсоли маҳсулоти гуногуни саноатиро афзоиш диҳад. Аз ҷумла, дар оянда қисмати дигари коргоҳи истеҳсоли “Ванадий” навсозиву барқарор мешавад.

Дар ин баробар “Лоиҳаи корхонаи раванди холисгардонии тилло ва нуқра”, “Лоиҳаи корхонаи безараргардонии замин ва коркарди дубораи партовҳои саноатӣ” ва “Лоиҳаи Маркази муосири логистикӣ” муаррифӣ шуд. Гуфта шуд, ки бунёди “Маркази муосири логистикӣ” аллакай оғоз гардида, тибқи нақша, дар дохили он сардхона, анбор, минтақаи гумрукӣ, минтақаи бастабандӣ, ошхона, хобгоҳ ва дигар иншооти зарурӣ бунёд мешавад.

Тибқи нақша, “Корхонаи раванди холисгардонии тилло ва нуқра” дар асоси технология ва методҳои нави холисгардонӣ бунёд ёфта, он ба ҷалб намудани ширкатҳои маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ ба хизматрасонии холискорӣ ва ташкили ҳамкории нав дар соҳаи истеҳсоли металлҳои қимматбаҳо мусоидат менамояд. Ҳамчунин бунёди ин корхона дар оянда мавқеи Тоҷикистонро дар бозори ҷаҳонии металлҳои қиматбаҳо ба таври назаррас таҳким мебахшад.

Дар тадбири имрӯза ҳамчунин дигар номгӯи маҳсулот, ки дар коргоҳҳои истеҳсолии зертобеи КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” истеҳсол карда мешаванд, ба намоиш гузошта шуд. Аз ҷумла, маҳсулоти заргарӣ, армуғонҳои гуногун, нишонҳои сарисинагӣ, қолабҳои гуногуни металлӣ, қолинҳои дастбоф ва маҳсулоти дӯзандагӣ пешниҳод гардид.

Бояд гуфт, ки КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар асоси дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат корҳои навсозиву барқарорсозиро дар тамоми корхонаҳои зертобеяш амалӣ менамояд.

То имрӯз бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи заргарии “Зари Суғд” бо 30 ҷойи кор ва Коргоҳи дӯзандагии КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” бо 45 ҷойи кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Зимни ифтитоҳ ва шиносоӣ бо дурнамои корхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки корҳои навсозиву барқарорсозиро дар дигар коргоҳҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” мувофиқи нақша сомон диҳанд ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидаро тақвият бахшанд.

Боздид аз коргоҳи истеҳсоли “Ванадий” дар Коргоҳи фаръии “Истеҳсоли гидрометаллургӣ”-и КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон 09.04.2024

Апрель 9, 2024 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектеновро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Имсол дар вилояти Суғд ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Кӯшониён мағозаи армуғон, ҳунарҳои мардумӣ ва коргоҳи дӯхти либосҳои миллӣ ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Конибодом корхонаи коркарди зардолу бунёд мешавад
Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе нуқтаҳои партовҷамъкунӣ навсозӣ мешаванд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид