Силсилавохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд баргузор шуданд

Апрель 30, 2024 14:25

ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар пойтахти Подшоҳии Арабистони Саудӣ- шаҳри Ар-Риёз дар доираи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) Раиси Раёсати «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшоҳ Бобозода ҳамчун аъзои ҳайати расмии Тоҷикистон  бо роҳбарияти якчанд институти бонуфузи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба корхонаи воҳиди давлатии  «Саноатсодиротбонк» хабар медиҳад.

Дар мулоқот, аз ҷумла бо Ноиби Президенти Бонки Исломии Рушд Доктор Мансур Мухтар, Раиси Корпоратсияи исломии суғуртакунии сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ (ICIEC) Уссама Каисси, Раиси Корпоратсияи исломии маблағгузории савдо ва Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ Хани Салем Сонбол (ITFC&ICD), мудири минтақавии Гурӯҳи БИР Иброҳим Алӣ Шукрӣ ва масъулини Институти Бонки Исломии Рушд масъалаҳои мубрам баррасӣ гардиданд.

АСК: Корхонаи воҳиди давлатии  «Саноатсодиротбонк»

 

 

 

Апрель 30, 2024 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд: «Дар мавсими гармо ба бехатарии маҳсулот диққат диҳед!»
Тоҷикистон то соли 2029 истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70 фоиз коҳиш медиҳад
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи ҳамлу нақл баррасӣ гардид
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад