СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Озмуни «Иҷрочии беҳтарини сол» ҷамъбаст гардид

Апрель 8, 2024 15:52

ДУШАНБЕ, 08.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро озмуни «Иҷрочии беҳтарини сол» ҷамъбаст гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти иҷро хабар доданд, бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ Хадамоти иҷро озмуни «Иҷрочии беҳтарини сол» эълон намуда буд, ки дар ҷамъомад натиҷаҳои он ҷамъбаст гардиданд.

Ҳамин тариқ, ҷойи аввал бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва ҷоиза насиби иҷрочии Хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Манучеҳр Ализода, ҷойи дуюм бо маблағи 8 ҳазор сомонӣ ба иҷрочии калони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Саид Хуҷазода ва ҷойи сеюм бо маблағи 6 ҳазор сомонӣ ба иҷрочии шаҳри Левакант Алишер Ғафурзода супорида шуд.

Сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода иброз намуд, ки  роҳбарият ва кормандони Хадамот аз рӯзҳои аввали таъсис диққати асосиро ба беҳтар намудани иҷрои воқеии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, барқарор намудани зарари ба манфиати давлат, шахсони воқеию ҳуқуқӣ расонида, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон равона намудаанд.

Давоми фаъолият кормандони Хадамот ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ноил гардиданд. Сифати иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, фоизи иҷро назар ба солҳои пешин ба маротиб баланд бардошта шудааст.

Гуфта шуд, ки Хадамоти иҷро  дар самти ҳуқуқэҷодкунӣ низ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар ин давра аз тарафи кормандони мақомот ва гурӯҳи корӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» пас аз 14 сол дар таҳрири нав таҳия гардид, ки он аз моҳи июни соли 2022 мавриди амал қарор дорад. Ғайр аз ин, аз ҷониби кормандони Хадамот дар ин давра зиёда аз 30 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид, ки дар айни замон мавриди амал қарор доранд.

Сипас як зумра  кормандон бо нишони сарисинагии «Корманди фахрии мақомоти иҷро», Ифтихорнома ва рутбаҳои навбатии дараҷавӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 8, 2024 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад