ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 апрел, чоршанбе, 94-умин рӯзи соли 2024 аст

Апрель 3, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 2007 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заводи Алюминии тоҷик (ТадАЗ) ба Корхонаи давлатии унитарии  «Корхонаи алюминии тоҷик» тағйири ном намуд.

***

3 апрели соли 2013 дастаи мунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов дар чаҳорчӯбаи вохӯриҳои интихобии мусобиқоти Осиё дар гурӯҳи «С» дар варзишгоҳи «Дашрат»- и шаҳри Катманду бо дастаи Бутон вохӯрда, бо ҳисоби 15 бар сифр ғалаба намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Қайроққуми (хозира шаҳри Гулистон)  вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати Хуаксини Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Е Чинро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Қайроққум бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ ва табобатии Закариёи Розӣ ифтитоҳ ёфт.

***

3 апрели соли 2019 дар шаҳри Тирмиз ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.

***

3 апрели соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

***

3 апрели соли 2021 сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сок дар Тоҷикистон анҷом ёфт

***

3 апрели соли 2022 дар доираи Солҳои рушди саноат дар Турсунзода коргоҳи истеҳсоли нони хушк ба истифода дода шуд.

***

3 апрели соли 2023 ширкати «Каян»-и Арабистони Саудӣ омодагиашро барои сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон изҳор намуд.

3 АПРЕЛ:

Рӯзи байналмилалии шабнишинӣ.

***

Рӯзи сирк дар ИМА.

 

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Темур Собиров- соли 1940-риёзидони тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика

Апрель 3, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш