ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 апрел, сешанбе, 121-умин рӯзи соли 2024 аст

Апрель 30, 2024 08:00

30 апрели соли 1949 Неругоҳи барқи обии «Варзоби Поён» ба кор даромад.

***

30 апрели соли 1963 истгоҳи нави Роҳи оҳани «Душанбе» ба фаъолият  оғоз намуд.

***

30 апрели соли 2001  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Адреан Северинро ба ҳузур пазируфтанд.

***

 Дар ин рӯзи соли 2013 дар Душанбе ҷаласаи 11-уми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ доир карда шуд.

***

30 апрели соли  2014 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Агентии иттилоотии «Синхуа», Маркази Конфутсий дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистону  Чин», Корхонаи муштараки «Зарафшон», ҶДММ «Хуасин  Ғаюр Семент» таҳти унвони «Дурнамои рушди роҳи нави  абрешим» намоиши аксҳо доир гардид.

***

30 апрели соли 2015 зимни мулоқоти  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан масоили вобаста ба ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Бонки ҷаҳонӣ рейтинги кишварҳои ҷаҳон аз рӯи фоизи истеҳсоли неруи барқ аз сарчашмаҳои барқароршавандаи энергияро нашр намуд, ки Тоҷикистон дар он мақоми 6-умро касб кард.

***

30 апрели соли 2015  дар шаҳри Душанбе ҳамкории гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳокима шуд.

***

30 апрели соли  2018 дар шабакаи телевизионии «НТВ» даври дуввуми озмуни «Ту беҳтарин!» («Ты супер!») баргузор гардид, ки дар он намояндаи Тоҷикистон Меҳрона Ғайбуллоева иштирок намуд. Дар озмуни «Ту беҳтарин!» 82 сарояндаи ҷавон аз 13 кишвари олам иштирок намуд ва ба Меҳрона Ғайбуллоева муяссар гардид, ки ба қатори чор нафари беҳтарин дохил шавад.

***

30 апрели соли  2019 дар шаҳри Душанбе якумин Намоишгоҳи муассисаҳои таҳсилоти олии Полша ва Агентии мубодилаи академикии Ҷумҳурии Полша (NAWA) оғоз гардид.

***

30 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

***

30 апрели соли 2022 дар пайравӣ бо ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи Иди саиди фитр ба зиёда аз 7 ҳазору 500, аз ҷумла 1 ҳазору 251 нафар ятимони кулл, бепарасторону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд.

***

30 апрели соли 2023 дар деҳаи Куҳандиёри Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор коргоҳи коркарди шолӣ ва бастубанди биринҷ, истеҳсоли орди навъи якуму  олӣ, хӯроки чорво ва шоназании пахта ба истифода дода шуд.

30 АПРЕЛ:

Рӯзи кӯдак дар Мексика

***

Рӯзи сӯхторхомӯшкунандагон дар Русия

***

Зодрӯзи Подшоҳ дар Шветсия

***

Рӯзи байналмилалии санъати мусиқии ҷаз

Апрель 30, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш