«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба бар намудани либоси миллӣ арҷ гузоштан ба миллату фарҳанг аст
ДУШАНБЕ, 10.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикона мепӯшем!»- таҳти чунин унвон дар Ҳисор бо иштироки роҳбарият ва занону духтарони фаъоли шаҳр ҳамоиш баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиш бо мақсади арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги бою пурғановати халқи тоҷик, тарғиби либосҳои миллӣ, худдорӣ ва дурӣ ҷустан аз фарҳанги бегонагон гузаронида шуд. Дар ҷараёни ҳамоиш таъкид шуд, ки ба бар намудани либоси миллӣ ва тарғиби он байни аҳолӣ дар пешгирӣ намудани либоспӯшии баъзе занону духтароне, ки ба либос ва фарҳанги бегона тақлид менамоянд, таъсир мегузорад.
Баъд аз анҷоми ҳамоиш занону духтарон бо пироҳанҳои миллӣ дар кӯчаҳои шаҳр гашту гузор намуда, бо раҳгузароне, ки либосҳояшон хоси миллати мо нест, барои арҷ гузоштан ва ба бар намудани либосҳое, ки аз аҷдодонамон ба мо мерос мондаанд, суҳбат намуданд.
Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин 9 марти имсол бо дахли ҳифзи фарҳагну тамаддуни миллӣ дар шароити пуртазоди ҷаҳон чунин гуфтанд: «Модарону бонувони мо – тоҷикон низ тарзи хоси либосҳои миллӣ доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос менамуд. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намоем».
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии шаҳри Ҳисор








Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд






