18 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Онҳо ба мардум фароғати фарҳангӣ бахшида, бо таърих ва фарҳанги қадимӣ шинос менамоянд
ДУШАНБЕ, 18.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо (International Museum Day)-ро таҷлил менамояд. Ин сана аз он сарчашма мегирад, ки соли 1977 дар Конфронси 11-уми генералии Шурои байналмилалии осорхонаҳо (ICOM), ки дар Москва ва Санкт–Петербург доир гардид, намояндагони ҷомеаҳои осорхонаҳои ҷаҳон хостори таъсиси Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо шуданд. Соли 1977 дар Ассамблеяи генералии ICOM дар Москва дар иртибот ба эълон намудани Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо эъломия қабул гардид ва ҳоло он дар беш аз 150 давлати ҷаҳон таҷлил мешавад. Осорхонаҳо дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёт ва фарҳанги ҷомеа нақши муассир мегузоранд.
«Шабе дар Осорхона»: Сокинону меҳмонон бо таърих ва фарҳанги қадимии тоҷикон шинос мешаванд
Осорхонаи миллӣ яке аз муҳимтарин муассисаҳои фарҳангии мамлакат буда, барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри фароғати фарҳангии сокинону меҳмонони мамлакат нақши муассир дорад. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз соати 18:00 то 23:00 иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона» гузаронида мешавад, ки ҳадафаш намоиши иқтидори осорхонаҳои муосир ва ҷалби тамошобинон ба осорхонаҳо мебошад.
Дар доираи иқдоми «Шабе дар Осорхона», ки аз соли 2013 гузаронида мешавад, ҳазорон сокинону меҳмонони пойтахт зимни тамошои ройгони барномаҳои гуногуни он дар баробари фароғати фарҳангӣ бо таърихи куҳан, фарҳанги қадимӣ ва дастовардҳои замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шинос мешаванд. Дар доираи ин иқдом маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ, маърифатӣ ва оммавӣ дар толорҳо, роҳравҳо ва саҳни Осорхонаи миллӣ гузаронида мешаванд.
Ҳамзамон филми ҳуҷҷатии «Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон» намоиш дода мешавад. «Шабе дар Осорхона» бори аввал соли 1997 аз шаҳри Берлини Олмон оғоз гардида, баъдан дар давлатҳои Аврупо ва Амрико доир шуд.
Дар сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ба бунёди осорхонаҳо афзалият дода мешавад
Осорхонаҳо таҷассумгари таърих, фарҳанг ва дастовардҳои халқу миллатҳо буда, давлатҳои мутамаддин барои ҳифзи ёдгориҳо ва мероси ниёгони худ осорхона бунёд менамоянд.
Ин аст, ки дар сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди осорхонаҳои нав дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷойгоҳи хосса дорад. Бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки ба таври муосир бунёд шудааст, моҳи марти соли 2013 ба истифода дода шуд. Он бо маҷмааи бошукуҳи Қасри миллат, Парчам ва Нишони давлатӣ, Китобхонаи миллӣ, муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ омезиш ёфтааст. Бинои Осорхонаи миллӣ аз лиҳози меъморӣ намунаи барҷастаи пайванди асрҳо, омезиши услубҳои классикӣ ва муосир буда, бо истифодаи технологияҳои пешрафтаи муҳандисиву бинокорӣ бунёд гардидааст.
Бозёфтҳои нодири халқи тоҷик аз асри санг то замони Истиқлол
Осорхонаи миллии Тоҷикистон дорои чор шуъбаи экспозитсионӣ-табиат, таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, санъати тасвирӣ ва амалӣ мебошад. Ин муассисаи бузурги фарҳангӣ аз 22 толори намоиши осори таърихӣ, аз қабили толори Истиқлолият, туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кулолгарӣ, мисгарӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб, рассомӣ, сиккаҳо ва ғайра иборат буда, беш аз 100 корманд дар он фаъолият менамоянд. Дар толорҳои осорхона бозёфтҳои нодири таърихи халқи тоҷик аз асри санг то давраи садри ислом ва аз асри даҳ то даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон гирд оварда шудаанд. Дар толори мудаввар яке аз ёдгориҳои машҳуру камназири Тоҷикистон — муҷассамаи Буддо ба намоиш гузошта шудааст.
Беш аз 84 ҳазор ашёи таърихӣ нигоҳдорӣ мешавад
Дар Осорхонаи миллӣ беш аз 84 ҳазор ашёи таърихӣ нигоҳ дошта мешавад, ки бозгӯи таърихи бостон ва тамаддуну фарҳанги бойи тоҷикон буда, барои мукаммал намудани фонди осорхона ашёи қадимӣ, ки аҳамияти таърихӣ — фарҳангӣ доранд, бо роҳи харидорӣ, туҳфа, инчунин корҳои бостоншиносӣ ҷамъ оварда мешаванд. Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳоло бо осорхонаҳои бузурги дунё ҳамкории густурда дорад. Имсол ҳайатҳои баландпояи давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва садҳо сайёҳу меҳмон Осорхонаро тамошо намуда, бо таъриху тамаддуни халқи тоҷик шинос шуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
СОҲИБКОРИИ ИСТЕҲСОЛИИ ИННОВАТСИОНӢ. Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони Тоҷикистон
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
МАҶМААИ САЙËҲИЮ ИСТИРОҲАТИИ «ЧОРЧАМАН». Маконе, ки чашм аз тамошои он серӣ надорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид






