Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Рӯзҳои фарҳангӣ тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, доир гардид.
Дар даромадгоҳи боғ аз ҷониби бахши кишоварзии ноҳия намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинони пойтахт гардонида шуд. Дар он аз ҷониби деҳқонони ноҳия намунаи беҳтарини маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, аз қабили зироати донагӣ, меваю сабзавот, полезӣ ва дигар навъи маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ намоиш дода шуд.
Дар баробари фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамчунин дар саҳни боғ намоиши намунаи ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ: нон ва кулчаҳои гуногун, пухтупазҳои хонагӣ, кулчақандҳо, гулдӯзиҳо, шерозаҳо, сандуқҳо ва гаҳвораҳо баргузор гардид.
Дар намоиши мазкур варзишгарони ноҳия иштирок карда, ба сокинону меҳмонон оид ба дастовардҳои варзишгарони ноҳия маълумот пешниҳод карданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз 6 июн то 23 августи соли равон ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе доир мешаванд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»


























Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






