«ҲАДИСИ НОСИРИ ХУСРАВ ҲАМИН АСТ». Дар Тоҷикистон 1020-солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ таҷлил мегардад

Май 30, 2024 15:51

ДУШАНБЕ, 30.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 31 май дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ бахшида ба 1020-солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар мавзуи «Масъалаҳои поэтика ва мушкилоти матншиносии осори Носири Хусрав» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар кори конференсия иштирокдорон вобаста ба афкори забоншиносии Носири Хусрав ва фаъолияту осори гаронбаҳои ӯ маъруза менамоянд.

Бояд гуфт, ки  Носири Хусрав соли 1004 дар шаҳри Қубодиён, ки дар қисмати ҷанубии Тоҷикистони имрӯза ҷойгир аст, дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Номи пурраи ӯ Абумуиниддин Носири Хусрави Қубодиёнӣ мебошад.

Носири Хусрав идомадиҳандаи андешаву афкори гузаштагонаш, бахусус Рӯдакӣ, Абушакури Балхӣ, Фирдавсӣ ва дигарон буд. Аммо таъсири афкори Фирдавсӣ дар тамоми осораш маълум аст. Носири Хусрав, ба қавли донишманди фронсавӣ Пол Омер, «баъд аз он ки ба синни рушд расид, қитъаоте аз ашъори Фирдавсии Тӯсиро ба даст оварда, хонд ва мутаваҷҷеҳ шуд, ки эрониён дар қадим қавми барҷаста будаанд…».

Носири Хусрав шоири насиҳатгар ва омӯзгори ботаҷрибаи ҳаёт мебошад. Абёти маснавиҳои «Саодатнома» ва «Рӯшноинома» панди судманде мебошанд, ки ба мардум роҳи зиндагии хуши инсониро нишон  медиҳанд. Фарқ кардани дӯст аз душман, дар дӯстӣ бовафо будан, эҳсон кардан, некӯхоҳ ва роҳатрасон будан, тамаъ ва хорӣ накардан аз хислатҳои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ аст, ки ӯ бо ашъори равшанаш инҳоро тарғибу ташвиқ намудааст.

Муҳимтарин осори фалсафии Носири Хусрав «Зод-ул-мусофирин», «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн», «Хон-ул-ихвон», «Кушоиш ва раҳоиш», «Ваҷҳи дин», «Далел-ул-мутаҳайирин», «Сафарнома», «Рӯшноинома», «Саодатнома» ва осори манзумаш мебошанд.

Носири Хусрав ҳамчун шоир ва насрнавис дар таърихи адабиёти форс-тоҷик мақоми хос дорад. Ақидаҳои мутараққии иҷтимоию сиёсӣ, панду ахлоқ ва ғояҳои утопистии ӯ бештар дар асарҳои манзумаш ифода гардидаанд. Ҳамон тавре ки Носири Хусрав фармудааст:

Бикун дар гӯш, к – ин дурри самин аст,
Ҳадиси Носири Хусрав ҳамин аст.

Носири Хусрав солҳои охири умрашро дар Юмгондараи Бадахшон гузаронид ва соли 1088 дар ҳамин деҳа аз олам даргузашт.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 30, 2024 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад