Ҳайатҳои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 21.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, ба роҳбарият ва мардуми шарифи ин кишвари дӯсту бародар дар робита ба даргузашти фоҷеабори Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш дар ҳодисаи суқути чархбол изҳори тасаллияту ҳамдардӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки хабари фоҷеавии даргузашти Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш бар асари суқути чархбол боиси андуҳи амиқи роҳбарият ва тамоми мардуми Тоҷикистон гардидааст.
Саҳм ва кӯшишҳои Саидиброҳим Раисӣ дар густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Эрон ва ҳамкорӣ дар масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ бузург арзёбӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои ғамангез, ғамшарики ин кишвари дӯсту бародар ва мардуми он буда, ба наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардии амиқ изҳор медоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»









Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






